Ӯзбекистон бо роҳбарии Президент ба кишвари содиркунандаи молу коло мубаддал мегардад. Маҳз содирот метавонад кишварро аз чанголи фақр берун кашида, ба як давлати мутараққӣ бирасонад.
Вилояти Қашқадарё ҳам чун соири минтақаҳои ҷумҳурӣ дар солҳои охир мунтазам рушд мекунад ва қадам ба қадам аз як вилояти кишоварзӣ ба мақоми ҳудуди саноатӣ мубаддал мегардад. Роҳбарияти вилоят часпу талош дорад, ки ҳар чӣ бештар сармоядорони хориҷӣ вориди бозорҳои ин ҷой шаванд ва ба бунёди коргоҳҳои азими саноатӣ шурӯъ кунанд. Аммо соҳибкорони маҳаллӣ ҳам аз ин кори хайр дар канор намонда, дар рушди иқтисодии вилоят ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Инак, дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Қашқадарё воқеъ дар шаҳри Қаршӣ тарҳи ҷадиде дар амал татбиқ мегардад, ки тибқи он сохта шудани коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҶММ «Wosune food ingredients karshi» рӯи кор омада, дар навбати аввал коркарди сабзӣ ва қаламфури булғорӣ барин маҳсулоти кишоварзиро мақсади худ кардааст. Қисмати нахустини лоиҳа, ки 8,5 миллион доллари ИМА арзиш дошта, дар арафаи ба анҷом расидан аст. Коргоҳи мазкур солона 250 тонна маҳсулоти кишоварзиро дубора коркард намуда, ба бозорҳои дохиливу берун аз кишвар интиқол хоҳад дод.
Бахши дуюми ин лоиҳа 9,2 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, айни ҳол корҳои сохтмон бо суръати баланд идома доранд. Дар сехҳои он коркарди ошкаду ва меваи себ ба нақша гирифта шуда, қарор аст, ки солона 150 тонна маҳсулот дубора коркард гардад. Ин усули кор имкон медиҳад, ки дастранҷи кишоварзони вилоят ба маҳсулоти тайёр мубаддал ва вориди бозорҳо шаванд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.