Оби ғайриқонунӣ — ба маблағи 468 миллион сӯм

Дар ду минтақа ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии оби ошомиданӣ ба маблағи умумии беш аз 468 миллион сӯм ошкор гардиданд. Вобаста ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Тавре Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ хабар медиҳад, шуъбаи Департамент назди Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Чилонзор зимни санҷиши то тафтишотӣ ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани оби ошомиданиро ошкор кардааст.
Муайян шудааст, ки шахсони масъули ҶДММ «М.О.» дар объекти сохтмонӣ, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи «Нафосат», ба шабакаи истифодаи умумии оби ошомиданӣ худсарона пайваст шуда, бо мақсади тиҷоратӣ аз он ғайриқонунӣ истифода кардаанд. Дар натиҷа ба маблағи 366,6 миллион сӯм оби ошомиданӣ ғайриқонунӣ истифода шудааст.
Ҳолати дигари чунин қонуншиканӣ дар шаҳри Зарафшон низ ошкор гардид.
Тибқи маълумот, роҳбари ҶДММ «З.Г.» Ш.Т. дар бинои корхона ба шабакаи истифодаи умумии оби ошомиданӣ мустақиман ва худсарона пайваст шуда, ба маблағи 101,8 миллион сӯм аз об ғайриқонунӣ истифода кардааст.
Ҳамин тариқ, маблағи умумии истифодаи ғайриқонунии оби ошомиданӣ дар ин ду ҳолат 468,4 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Айни ҳол вобаста ба ҳолатҳои мазкур тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: