Дар Тошканд автобусҳои мактабӣ роҳандозӣ мешаванд?

Дар шаҳри Тошканд бо мақсади омӯзиши имкони роҳандозии автобусҳои мактабӣ, муайян намудани эҳтиёҷ ба онҳо ва баррасии ҷорӣ кардани ин низом вобаста ба зарурат, пурсиш гузаронида мешавад.

Тибқи маълумот, дар пурсишнома маҳалли истиқомати хонанда, мактаб ва синфи таҳсили ӯ, вақти аз хона ба мактаб рафтан, намуди нақлиёте, ки истифода мешавад, инчунин эҳтиёҷ доштан ё надоштан ба автобуси мактабӣ нишон дода мешавад.
Агар дар як оила якчанд фарзанд таҳсил кунад, маълумоти ҳар кадоми онҳо алоҳида ворид карда мешавад.
«Пур кардани пурсишнома ҳамагӣ чанд дақиқа вақт мегирад, аммо ҷавобҳои шумо барои ташкили рафтуомади ҳарчи қулайтар ва бехатари фарзандон ба мактаб аҳамияти муҳим доранд», — гуфта мешавад дар хабари Маркази ташкили ҳаракати роҳ дар пойтахт.
Таъкид шудааст, ки маълумоти шахсӣ ҷамъоварӣ намешавад ва натиҷаҳои пурсиш танҳо барои таҳлили умумӣ истифода хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 ба тариқи таҷрибавӣ дар ноҳияҳои дурдасти вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё барои хонандагони мактабҳо хатсайрҳои ройгони автобусӣ роҳандозӣ шуда буданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: