Яке аз ҳавзаҳои хатарноктарини ҷаҳон: сирри кӯли Натрон дар чист?

  • Яке аз ҳавзаҳои хатарноктарини ҷаҳон: сирри кӯли Натрон дар чист?
  • Яке аз ҳавзаҳои хатарноктарини ҷаҳон: сирри кӯли Натрон дар чист?
  • Яке аз ҳавзаҳои хатарноктарини ҷаҳон: сирри кӯли Натрон дар чист?
  • Яке аз ҳавзаҳои хатарноктарини ҷаҳон: сирри кӯли Натрон дар чист?

Одатан обро сарчашмаи ҳаёт ва яке аз омилҳои муҳим барои мавҷудоти зинда медонанд. Аммо дар ҷаҳон чунин ҳавзаҳои обие низ ҳастанд, ки ҳатто наздик шудан ба онҳо метавонад хатарнок бошад. Кӯли Натрон, воқеъ дар шарқи Африқо, дар қаламрави Танзания, аз ҷумлаи чунин ҷойҳост.

Оби ин кӯл хусусияти ниҳоят баланди ишқорӣ дошта, дар таркибаш миқдори зиёди сода ва намак мавҷуд аст. Ҳарорати об дар баъзе мавзеъҳо метавонад то 60 дараҷа гарм шавад. Ҷасади парандагон ё дигар ҳайвоноте, ки дар оби кӯл нобуд мешаванд, ба осонӣ пӯсида намешавад, балки зери таъсири минералҳо тадриҷан мумёӣ шуда, ба ҳайкалҳои сангинмонанд табдил меёбанд.
Кӯли Натрон дар минтақаи Арушаи Танзания, дар наздикии вулқони Ол-Доинё-Ленгаӣ ҷойгир шудааст. Он бо оби ниҳоят ишқорӣ ва миқдори зиёди минералҳо, аз ҷумла натрий карбонат, машҳур аст. Арзиши pH-и оби кӯл хеле баланд буда, метавонад то 10–12 расад. Чунин муҳит барои пӯст ва чашми инсон хатарнок буда, метавонад боиси сӯхтагӣ ва осеб гардад.
Номи кӯл аз минерали натрон гирифта шудааст. Натрон — як навъи намак, асосан натрий карбонат, мебошад, ки дар маҷроҳои хушки кӯлҳо ва минтақаҳои шӯр пайдо мешавад. Миқдори зиёди ин минерал дар оби Натрон сабаби пайдо шудани номи он шудааст.
Масоҳати кӯл тақрибан 150 километри мураббаъро ташкил медиҳад, ҳарчанд вобаста ба миқдори боришот ва мавсим метавонад тағйир ёбад. Кӯл чандон чуқур нест ва умқи он дар аксари мавзеъҳо аз се метр зиёд намешавад. Бо вуҷуди ин, шӯрии баланди об ва шароити сахти муҳит наздик шудан ба баъзе қисматҳои онро душвор месозад.
Натрон инчунин бо ранги сурхи дурахшонаш таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Ин ранг асосан ба хусусияти ишқории об ва фаъолияти микроорганизмҳои махсус вобаста аст. Дар кӯл галоархеяҳо — микроорганизмҳои дӯстдори муҳити шӯр — зиёданд, ки ба об рангҳои сурх ва гулобӣ мебахшанд.
Дар баробари ин, бояд дар назар дошт, ки pH-и баланди об барои аксари шаклҳои ҳаёт муҳити номусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷост, ки кӯли Натронро баъзан «Кӯли сурхи мурда» низ меноманд.


Чаро фламингоҳо маҳз ҳамин кӯлро интихоб мекунанд?
Бо вуҷуди муҳити сахт, кӯли Натрон яке аз муҳимтарин маконҳои афзоишу тавлиди фламингоҳои хурд ба ҳисоб меравад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки даррандаҳои хушкӣ аз сабаби шароити душвори гирду атроф ва оби ишқорӣ наметавонанд ба осонӣ ба минтақаҳои лонасозии ин парандагон дастрасӣ пайдо кунанд.
Фламингоҳо дар ҷараёни таҳаввул ба чунин муҳит мутобиқ шудаанд. Пойҳо ва пӯсти онҳо то андозае ба шароити сахти оби кӯл тобовар буда, имкон медиҳад, ки дар ин муҳит зиндагӣ кунанд.
Азбаски даррандаҳо — аз ҷумла рӯбоҳон, шағолҳо ва дигар ҳайвонот — наметавонанд ба осонӣ ба ҷазираҳои дохили кӯл бирасанд, фламингоҳо дар ҳамин ҷо лона месозанд. Онҳо тухм ва чӯҷаҳои худро дар ин муҳити нисбатан амн аз даррандаҳо муҳофизат мекунанд. Тибқи баъзе арзёбиҳо, қисми бузурги фламингоҳои хурди ҷаҳон маҳз дар ин минтақа ба дунё меоянд.

Ғайр аз ин, дар оби ишқории кӯл ва зери таъсири нури офтоб обсабзҳо ва микроорганизмҳои махсус, аз ҷумла цианобактерияҳо, босуръат афзоиш меёбанд. Фламингоҳо аз ҳамин микроорганизмҳо ғизо мегиранд. Ҷолиб он аст, ки пигментҳои сурху гулобии ғизои онҳо ба парҳои фламингоҳо низ ранги машҳури гулобӣ мебахшанд.


Хатари асосии кӯли Натрон дар чист?

Кӯли Натрон аз дур метавонад манзараи афсонавӣ ва ҳатто сеҳрнок ба назар расад. Аммо зебоии он набояд хатарашро пинҳон кунад. Ишқории об дар баъзе қисматҳо метавонад ба pH-и 12 расад. Ин маънои онро дорад, ки об хусусияти каустикӣ дошта, метавонад ба пӯст ва чашм осеби ҷиддӣ расонад.
Ҳарорати об низ дар баъзе мавзеъҳо баланд буда, метавонад аз 38 дараҷа бештар шавад.

Аммо оё воқеан кӯл ҳайвонотро «санг» мекунад?

Дар ҳақиқат, дар соҳилҳои кӯл ҷасади парандагон ва ҳайвоноти нобудшуда пайдо шудаанд, ки баъди муддате намуди ҳайкалҳои сангинро гирифтаанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳайвон танҳо бо ба об афтодан фавран ба санг табдил меёбад.
Аксаран сухан дар бораи ҷасади ҳайвоноте меравад, ки бо сабабҳои гуногун дар об нобуд шудаанд. Сипас намакҳо ва минералҳои дар об мавҷудбуда ба ҷасади онҳо таъсир расонда, раванди минерализатсия ва мумёишавиро ба вуҷуд меоранд. Дар натиҷа, ҷасадҳо тадриҷан сахт шуда, ба ҳайкалҳои намакӣ ё сангмонанд табдил меёбанд.
Қобили зикр аст, ки натрон — ҳамон минерале, ки дар ин кӯл фаровон аст — дар Мисри қадим низ барои мумёии ҷасадҳо истифода мешуд.
Кӯли Натрон махсусан баъди нашри аксҳои ҳайвоноти мурда аз ҷониби суратгири маъруф Ник Брандт дар китоби «Across the Ravaged Land» («Дар сарзамини харобшуда») дар саросари ҷаҳон машҳур гардид.

Кӯли Натрон чӣ гуна пайдо шудааст?

Пайдоиш ва хусусиятҳои географии кӯли Натрон низ барои муҳаққиқон ва дӯстдорони табиат ҷолиб аст. Кӯл аз дарёи Ҷанубии Эвасо Нгиро ва чашмаҳои гарми аз минералҳо бой ғизо мегирад.
Таркиби оби кӯл асосан бо фаъолияти вулқони Ол-Доинё-Ленгаӣ вобаста аст. Ин вулқон аз ҷумлаи нодиртарин вулқонҳои фаъоли ҷаҳон буда, ягона вулқони фаъоли маълум аст, ки лаваи карбонатитӣ хориҷ мекунад.
Дар давраҳои пешин ҳангоми фаъолияти вулқонӣ хокистар ва маводи вулқонӣ ба ҳавзаи кӯл ворид мешуданд. Бо гузашти вақт об бухор шуда, консентратсияи намакҳо ва минералҳо дар кӯл ба сатҳи хеле баланд расид. Ҳамин раванд яке аз сабабҳои асосии ташаккули муҳити шадидан шӯр ва ишқории Натрон ба ҳисоб меравад.

Ояндаи кӯл дар хатар аст?

Имрӯз экосистемаи кӯли Натрон на танҳо аз омилҳои табиӣ, балки аз фаъолияти инсон низ таҳдид мебинад. Дар гузашта ҳукумати Танзания ва баъзе ширкатҳои хориҷӣ масъалаи сохтмони корхонаҳои истихроҷ ва коркарди натрий карбонат дар наздикии кӯл, инчунин истифодаи оби он тавассути сохтмони сарбандҳоро баррасӣ карда буданд.
Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо метавонад тавозуни обии кӯлро тағйир дода, сатҳи шӯрӣ ва таркиби химиявии онро дигар кунад. Ин ҳолат, дар навбати худ, метавонад ба макони муҳими афзоиши фламингоҳо зарари ҷиддӣ расонад.
Бо талошҳои созмонҳои байналмилалии ҳифзи муҳити зист баъзе аз чунин нақшаҳо то ҳол амалӣ нашудаанд.
Ҳамин тавр, кӯли Натрон ҳамзамон намунаи нодири мутобиқшавии ҳаёт ба муҳити ниҳоят сахт ва ёдрасест аз он ки тавозуни табиат то чӣ андоза ҳассос аст. Обе, ки барои инсон хатарнок менамояд, барои ҳазорон фламингоҳо паноҳгоҳи амн ва макони муҳимми наслдиҳӣ мебошад.

Аброр Зоҳидов
(аз ӯзбекӣ тарҷума карда шуд).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: