Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СҶМ) ҳушдор медиҳад, ки падидаи иқлимии Эл-Ниньо дар моҳҳои наздик шиддат гирифта, метавонад ба тағйироти назаррас дар ҳарорат ва тақсимоти боришот дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон боис шавад.
Дар натиҷа, хатари обхезӣ, хушксолӣ ва гармои шадид метавонад афзоиш ёбад.
Тибқи маълумоти СҶМ, эҳтимоли идома ёфтани Эл-Ниньо то моҳи феврали соли 2027 қариб 100 дарсад арзёбӣ мешавад. Ин падида ба ғайримуқаррарӣ баланд шудани ҳарорати сатҳи об дар қисматҳои марказӣ ва шарқии уқёнуси Ороми экваторӣ вобаста буда, интизор меравад, ки шиддати он дар охири соли 2026 ба ҳадди ниҳоӣ расад. Таъсири иқлимии Эл-Ниньо метавонад то соли 2027 низ идома кунад.
СҶМ таъкид мекунад, ки Эл-Ниньои шадид метавонад низоми муқаррарии тақсимоти ҳарорат ва боришотро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон тағйир дода, боиси афзоиши ҳаводиси шадиди обуҳавоӣ гардад.
Созмон аз хадамоти миллии обуҳавошиносӣ ва гидрологӣ, ниҳодҳои СММ ва созмонҳои башардӯстона даъват кардааст, ки барои пешгирӣ ва коҳиш додани паёмадҳои эҳтимолии ин падида омодагиро тақвият бахшанд. Аз ҷумла, густариши низомҳои огоҳсозии бармаҳал ва андешидани чораҳои пешгирикунанда муҳим дониста мешавад.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфтааст, ки Эл-Ниньо «дар пеши чашмони мо густариш меёбад». Ба гуфтаи ӯ, маълумоти илмӣ аз идомаи болоравии ҳарорати сайёра шаҳодат медиҳанд. Афзоиши ҳарорати сатҳи баҳр дар баробари гармшавии глобалӣ метавонад эҳтимоли сар задани падидаҳои шадиди обуҳавоиро бештар кунад.
Гутерриш зарурати суръат бахшидани иқдомҳои байналмилалӣ барои ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳои иқлимӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлимро таъкид кардааст.
Дабири кулли СҶМ Селесте Сауло шиддат гирифтани эҳтимолии Эл-Ниньоро як рӯйдоди истисноӣ номида, таъкид кардааст, ки он омодагии густурда ва ҳамоҳангшудаи кишварҳоро талаб мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар таърихи 50-солаи созмон то имрӯз чунин сафарбарсозии васеи хадамоти миллии обуҳавошиносӣ ва гидрологӣ барои омодагӣ ба як падидаи иқлимӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи пешгӯии СҶМ барои моҳҳои сентябр–ноябри соли 2026, дар қариб тамоми минтақаҳои хушкӣ эҳтимоли нигоҳ доштани ҳарорати аз меъёри муқаррарӣ баланд вуҷуд дорад. Ҳамзамон, тақсимоти боришот метавонад мувофиқи хусусиятҳои хоси Эл-Ниньои шадид тағйир ёбад.
Коршиносон мегӯянд, ки таъсири ин падида дар минтақаҳои гуногун яксон нахоҳад буд. Дар баъзе қисматҳои ҷаҳон хатари боришоти шадид ва обхезӣ афзоиш ёфта, дар минтақаҳои дигар эҳтимоли хушксолӣ, гармои ғайримуқаррарӣ ва хатарҳои вобаста ба он бештар мешавад.