Ҳамшираҳои дорои маълумоти олӣ дар Ӯзбекистон иловапулӣ мегиранд

Аз соли таҳсили 2027/2028 дар заминаи Академияи ҳамширагии тиббии назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд бо ҳамкории Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА, ки Мактаби ҳамширагии он дар ҷаҳон мақоми аввалро ишғол мекунад, Мактаби пешрафтаи ҳамширагӣ таъсис дода мешавад.

Дар ин бора Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Тибқи маълумоти вазорат, самти бакалаврии «Ҳамширагии олии тиббӣ» ба «Ҳамроҳии олии тиббӣ» табдил дода мешавад. Ба хатмкунандагони зан ихтисоси «ҳамшираи тиббӣ» ва ба хатмкунандагони мард ихтисоси «бародари тиббӣ» дода хоҳад шуд.
Қабули донишҷӯён ба зинаи бакалавриат ҳар сол на кам аз 20 дарсад зиёд карда мешавад. Раванди таълим дар асоси барномаҳои муштарак бо донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ ба роҳ монда шуда, на кам аз 70 дарсади барномаҳои таълимии ин муассисаҳо дар низоми таҳсил ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, барои хатмкунандагони зинаи бакалавриат аз рӯи ин самт ҳар моҳ ба андозаи як ҳадди ақалли музди меҳнат ва барои хатмкунандагони зинаи магистратура ба андозаи ду ҳадди ақалли музди меҳнат пардохти иловагӣ муқаррар карда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: