Бозии Ӯзбекистон ва Аргентина бекор шуд

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Аргентина, ки дар доираи рӯзҳои ФИФА дар тирамоҳ баргузор шудани он ба нақша гирифта шуда буд, бекор карда шуд.

 Ба ин тасмим иштирок накардани Лионел Месси дар ҷамъомади ояндаи дастаи мунтахаби Аргентина ва дар пайи он тағйир ёфтани созишномаҳои тиҷоратӣ вобаста ба сафари даста ба Осиё сабаб шудааст.
Дар ин бора нашрияи «ESPN Argentina» хабар дода, «Championat Asia» ба он такя кардааст.
Қаблан пешбинӣ шуда буд, ки шогирдони Лионел Скалонӣ рӯзи 30 сентябр бо тими миллии Ӯзбекистон бозии назоратӣ анҷом медиҳанд. Ҳамчунин, Аргентина ният дошт бо тими миллии Чин низ вохӯрӣ анҷом дода, тавассути сафари Осиё даромади назарраси молиявӣ ба даст орад.
Аммо баъди маълум шудани он ки ситораи асосии тими Аргентина Лионел Месси дар ҷамъомади тирамоҳии даста иштирок намекунад, қарор шудааст, ки баргузории бозиҳои ба нақша гирифташуда дар кишварҳои Осиё лағв карда шаванд. Тибқи маълумоти «ESPN Argentina», дар пайи ҳузур надоштани Месси дар ҳайати даста созишномаҳои сарпарастӣ ва дигар шартномаҳои тиҷоратӣ низ бозбинӣ шудаанд.
Ҳоло интизор меравад, ки Аргентина дар давраи танаффуси байналмилалӣ ҳамаи бозиҳояшро дар майдони худ баргузор кунад. Рақибони даста эҳтимол аз байни намояндагони Амрикои Ҷанубӣ ё минтақаи КОНКАКАФ интихоб карда мешаванд.
Ҳамин тавр, нақшаи тими миллии Ӯзбекистон барои ба майдон баромадан муқобили ноиб-чемпиони Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 амалӣ нахоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: