Аз 7 сентябр дар масири «Паркент – Тошканд – Паркент» ҳаракати электропоезди замонавии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд.
Акнун сокинони ноҳияи Паркент метавонанд бо қатор дар зарфи 50 дақиқа ба Тошканд бирасанд.
Электропоезд дорои 586 ҷойи нишаст буда, дар маҷмӯъ имкони интиқоли то 1154 мусофирро дорад. Нархи роҳкиро барои калонсолон то 10 ҳазор сӯм ва барои кӯдакони то 10-сола 6,5 ҳазор сӯм муайян шудааст.
Қатори нав дар доираи лоиҳае ба ҳаракат дароварда шуд, ки бар асоси қарори №ПҚ-28-и Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 январи соли 2025 «Дар бораи чораҳои минбаъдаи рушди низоми нақлиётӣ-логистикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» амалӣ мегардад.
Дар доираи ин лоиҳа хатти роҳи оҳани «Байтқӯрғон – Паркент» сохта шуда, роҳи оҳани 24-километра пурра барқӣ гардонида шудааст. Ҳамчунин, 3 пули оҳану бетонӣ, 1 гузаргоҳи автомобилӣ, 76 иншооти обгузар ва 16 гузаргоҳи ҳамвор дар буриши роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан бунёд шудаанд.
Илова бар ин, истгоҳи роҳи оҳани «Паркент» бо иқтидори 50 ҷой сохта шудааст.
Ба гуфтаи масъулон, ба роҳ мондани ҳаракати нави роҳи оҳан на танҳо робитаи нақлиётии сокинони Паркентро бо Тошканд беҳтар мекунад, балки барои афзоиши иқтидори сайёҳии ноҳия низ замина фароҳам меорад.
Рушди инфрасохтори нақлиётӣ метавонад Паркентро барои сайёҳон ба як макони боз ҳам қулайтар табдил дода, ба рушди сайёҳии маҳаллӣ ва фароҳам шудани ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам созад.
Зулхумор Акбарова