Президенти Ӯзбекистон ба Белград рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафт.

Дар доираи сафари Президенти Ӯзбекистон ба шаҳри Белград баргузории музокироти сатҳи олӣ, инчунин форуми соҳибкорӣ бо иштироки намояндагони расмӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар дар назар аст.
Зимни музокирот масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон ва Сербия баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар натиҷаи саммит ба имзо расонидани маҷмӯи санадҳои муҳим дар назар аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: