Райҳони хушбӯйе, ки одатан онро ҳамчун гиёҳи хуштаъм дар дастархон мебинем, метавонад барои илм боз ҳам арзиши дигар дошта бошад: олимони Ӯзбекистон аз он ва чанд растании доруии маҳаллӣ барои таҳияи фитокомплекси дорои хосиятҳои антиоксидантӣ ва зиддигипоксӣ истифода мебаранд.
Айни замон олимони Институти химияи моддаҳои растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ин имконият истифода бурда, дар заминаи растаниҳои маҳаллӣ ба таҳияи фитокомплекси нав машғуланд.
Тадқиқотҳо дар доираи лоиҳаи амалии «Таҳияи фитокомплексҳо дар асоси экстрактҳои райҳон, астрагал ва растаниҳои ба онҳо ҳамҷинс» анҷом дода мешаванд, ки аз ҷониби Агентии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағгузорӣ мешавад. Арзиши умумии лоиҳа 1 миллиарду 409 миллиону 357 ҳазор сӯм буда, барои солҳои 2025–2027 пешбинӣ шудааст. Роҳбарии лоиҳаро ходими пешбари илмии лабораторияи усулҳои таҳқиқоти физикии институт, доктори илмҳои биология Дания Асилбекова ба уҳда дорад.
Олимон навъҳои райҳони дар Ӯзбекистон парваришшаванда, инчунин райҳони кӯҳӣ (Origanum), кийикӯт(Ziziphora), арслонқулоқ(Leonurus) ва навъҳои астрагал(нахӯтак)ро мавриди омӯзиши амиқ қарор додаанд. Равғанҳои эфирӣ ва дигар пайвастагиҳои фаъоли биологии дар таркиби онҳо мавҷудбуда бо истифода аз усулҳои муосири лабораторӣ таҳлил мешаванд.
Тибқи натиҷаҳои ибтидоии тадқиқот, ашёи хоми растании маҳаллӣ, ки барои таҳияи фитокомплекс бештар мувофиқ аст, интихоб шудааст. Ҳамчунин намунаҳои технологии экстрактҳои дорои фаъолияти антиоксидантӣ ва зиддигипоксӣ омода карда шудаанд.
Чаро хосияти антиоксидантӣ муҳим аст? Радикалҳои озоде, ки дар организм ҳосил мешаванд, метавонанд ба ҳуҷайраҳо осеб расонанд. Антиоксидантҳо бошанд, моддаҳое мебошанд, ки барои муқовимат ба чунин равандҳо мусоидат мекунанд. Фаъолияти зиддигипоксӣ бошад, ба қобилияти дастгирии ҳуҷайраҳо дар шароити норасоии оксиген дар бофтаҳои организм алоқаманд аст.
Ҳоло олимон дар асоси экстрактҳои фаъол ба таҳияи комплексҳо, инчунин омӯзиши амиқтари таркиб ва хусусиятҳои антиоксидантии онҳо машғуланд. Дар анҷоми лоиҳа таҳияи фитокомплекси нав, ки маҷмӯи гуногуни пайвастагиҳои фаъоли биологиро дар бар мегирад, ба нақша гирифта шудааст.
Муҳимтар аз ҳама, дар ин таҳқиқот таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи растаниҳои дар Ӯзбекистон рӯянда ва парваришшаванда равона шудааст. Интизор меравад, ки дар оянда фитокомплекси таҳияшуда барои истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ, ки метавонад дар соҳаҳои хӯрокворӣ ва косметика истифода шавад, замина фароҳам оварад.
Дар доираи лоиҳа то имрӯз дар як маҷаллаи илмии хориҷӣ ва як маҷаллаи илмии маҳаллӣ якмақолаӣ, дар маҷмӯаи маводи конфронсҳои байналмилалӣ 2 мақола, дар конфронси ҷумҳуриявӣ 1 мақола ва 3 тезис ба табъ расидааст.