Оё саноати автомобилии Аврупо дар остонаи буҳрон қарор дорад?

Рақобати мошинҳои барқии чинӣ, коҳиши истеҳсолот ва интиқоли корхонаҳо ба кишварҳои дигар дар бораи ояндаи саноати Аврупо саволҳои ҷиддӣ ба миён овардааст.

Саноати автомобилии Аврупо бо яке аз ҷиддитарин озмоишҳо дар таърихи худ рӯ ба рӯ шудааст. Афзоиши босуръати истеҳсолкунандагони мошинҳои чинӣ, бахусус дар бозори мошинҳои барқӣ, коҳиши ҳаҷми истеҳсолот ва интиқоли корхонаҳо ба кишварҳои дигар нигарониҳоро дар бораи иқтидори саноатии қитъа бештар кардааст.
Муассис ва раиси ширкати истеҳсолкунандаи қисмҳои автомобилӣ — Gestamp Франсиско Риберас дар суҳбат бо рӯзномаи Financial Times ҳушдор додааст, ки Аврупо метавонад саноати автомобилии худро аз даст диҳад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз хатарҳои асосӣ қафо мондани истеҳсолкунандагони аврупоӣ аз ширкатҳои чинӣ дар рақобати технологӣ мебошад.
Риберас таъкид кардааст, ки саноати автомобилии Аврупо, бахусус дар соҳаи мошинҳои барқӣ, аз Чин ақиб мондааст. Аз соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли мошин дар қитъа, аз ҷумла маҳсулоти барои бозорҳои берун аз Аврупо содиршуда, 20–25 дарсад коҳиш ёфтааст.
Гап танҳо дар бораи мошинҳо нест
Аҳамияти саноати автомобилсозӣ барои Аврупо аз саҳми мустақими он дар иқтисоди қитъа хеле бештар аст. Тибқи маълумоти Financial Times, ин соҳа тақрибан 7 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии қитъаро таъмин карда, бо тақрибан 14 миллион ҷойи корӣ иртибот дорад.
Илова бар ин, фаъолияти садҳо соҳаи дигар низ бевосита ба фаъолияти саноати автомобилсозӣ вобаста аст. Металлургия, саноати кимиё, истеҳсоли шиша, электроника, логистика ва соҳаи хизматрасонӣ бо корхонаҳои автомобилсозӣ робитаи зич доранд.
Аз ин рӯ, коҳиши истеҳсоли автомобил дар Аврупо танҳо буҳрони як соҳа нест. Ин метавонад ба як мушкили системавӣ табдил ёбад, ки ба тамоми занҷираи саноатии қитъа таъсир мерасонад.
Чин мавқеи пешсафиро ба даст меорад
Яке аз масъалаҳои асосии саноати автомобилии Аврупо таҳкими пайвастаи мавқеи ширкатҳои чинӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Хусусан дар соҳаи мошинҳои барқӣ истеҳсолкунандагони чинӣ аз нигоҳи технология, миқёси истеҳсолот ва рақобатпазирии нархӣ бартарии назаррас пайдо карда истодаанд. Ин вазъ брендҳои анъанавии аврупоиро водор мекунад, ки стратегияҳои худро бознигарӣ намоянд.
Ҷолиб он аст, ки Риберас ҷонибдори густариши истеҳсолоти ширкатҳои чинӣ дар Аврупо мебошад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин ширкатҳо бояд аз истеҳсолкунандагони аврупоӣ бештар қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар ҷузъҳои маҳаллиро харидорӣ кунанд.
Чунин муносибат на ба ҳимояи комили бозори Аврупо аз рақобати хориҷӣ, балки ба пайвастани сармоягузорӣ ва технологияҳои хориҷӣ ба занҷираи саноатии дохилии қитъа равона шудааст.
Дар Олмон аломатҳои нигаронкунанда бештар мешаванд
Мушкилоти саноати автомобилии Аврупо махсусан дар Олмон — бузургтарин иқтисоди қитъа — ба таври равшан эҳсос мешаванд.
Рӯзи 9 июли соли ҷорӣ маҷаллаи Der Spiegel хабар дод, ки концерни Volkswagen имкони бастани чаҳор корхонаи истеҳсолӣ дар Олмонро дар солҳои наздик баррасӣ мекунад.
Қарор аст истеҳсоли баъзе моделҳое, ки ҳоло дар Олмон истеҳсол мешаванд, ба корхонаҳои воқеъ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Маҷористон ва Словакия, интиқол дода шавад. Ҳамчунин эҳтимоли истифодаи майдонҳои истеҳсолии холишаванда барои мақсадҳои дигар, ҳатто фурӯши онҳо ба корхонаҳои саноати мудофиа, баррасӣ мешавад.
Ин вазъ боз як тамоюли муҳими саноати Аврупоро нишон медиҳад: хароҷоти истеҳсолот, қимати неруи барқ, рақобат ва тағйироти технологӣ ширкатҳои автомобилсозиро водор месозанд, ки ҷуғрофияи истеҳсолоти худро аз нав баррасӣ кунанд.
Интихоби душвор дар назди сиёсати саноатии Аврупо
Гузариш ба давраи мошинҳои барқӣ барои саноати автомобилии Аврупо ҳам имконияти нав ва ҳам чолиши ҷиддӣ гардид. Дар ҳоле ки модели чандиндаҳсолае, ки ба муҳаррикҳои дарунсӯз асос ёфта буд, тағйир меёбад, ширкатҳои чинӣ тавонистанд занҷираҳои нави технологии истеҳсолиро зудтар ташаккул диҳанд.
Акнун Аврупо дар назди ду роҳи асосӣ қарор дорад: ҳимояи истеҳсолкунандагони дохилӣ аз рақобат ё нигоҳ доштани бозори боз барои ширкатҳо ва сармояи хориҷӣ ва ҳамзамон таҳкими занҷираи саноатии маҳаллӣ.
Ҳар ду равиш ҳам хатарҳо ва ҳам имкониятҳои худро доранд. Протексионизми аз ҳад зиёд метавонад рақобатро маҳдуд карда, навсозии технологиро суст намояд. Дарҳои комилан боз барои бозори ҷаҳонӣ бошанд, метавонанд мавқеи истеҳсолкунандагони аврупоиро, ки рақобатпазирии онҳо коҳиш ёфта истодааст, боз ҳам заифтар кунанд.
Аз ин ҷиҳат, сарнавишти саноати автомобилии Аврупо акнун на танҳо ба стратегияи тиҷоратии ширкатҳои автомобилсоз, балки ба модели ояндаи сиёсати саноатии Аврупо низ вобаста шудааст.
Агар қитъа натавонад мавқеи худро дар рақобат барои мошинҳои барқӣ ва технологияҳои нави автомобилӣ барқарор кунад, оқибатҳои он метавонанд танҳо бо баста шудани чанд корхона маҳдуд нашаванд. Коҳиши ҷойҳои корӣ, тағйири занҷираҳои таъминот ва интиқоли корхонаҳои саноатӣ ба минтақаҳои дигар метавонад ба рақобатпазирии иқтисодии Аврупо дар дарозмуддат таъсири ҷиддӣ расонад.
Аз ин рӯ, имрӯз масъала на танҳо ин аст, ки «Оё саноати автомобилии Аврупо ба буҳрон рӯ ба рӯ мешавад?». Саволи асосӣ ин аст: «Аврупо барои ҳифзи пешсафии саноатии худ дар давраи нави автомобилсозӣ кай ва то чӣ андоза стратегияи худро тағйир медиҳад?»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: