Баъди фоҷиаи мудҳиши соли 1986 дар баҳри Сиёҳ ба дӯсти наздики ман Наҷмиддин Бердиев ба анъана табдил ёфтааст, ки зодрӯзи худро ду маротиба қайд намояд – 29-уми июл аз рӯи шиноснома ва 31-уми август – рӯзи ғарқ шудани киштии «Адмирал Нахимов», ки 1243 нафар мусофир дошта, ки ӯ яке аз онҳо буд. Сад дареғо, ки пас аз садамаи ғайричашмдошт 423 нафар ҳамсафарон, аз он ҷумла 7 нафар аз Самарқанд ҷон бохта, ба ҳақ пайвастанд.
Абдувакил Воҳидов ва Наҷмиддин Бердиев дӯстони ҷонӣ ва ҷавонӣ буданд. Ҳамсинфон дар як вақт Донишкадаи давлатии тиббии Самарқандро хатм карда, баъди оғози фаъолияти меҳнатӣ дар як вақт ба таътил баромада, истироҳатро шавқовару хотирнишин мегузарониданд. Дӯстон бори нахуст соли 1984 дар киштии «Адмирал Нахимов», ки дар сайрхати он шаҳрҳои соҳили баҳри Сиёҳ низ буд, дам гирифта, баъди ду сол боз бо он сафар карданӣ шуданд. Он солҳо Наҷмиддин устоди омӯзишгоҳи тиббии Самарқанд (ҳоло коллеҷи тиббиёти Суғдиёна) буд. Директори омӯзишгоҳ Роҳила Ҷалолова (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) роҳбари серталабу сахтгир, вале бисёр ғамхору раҳмдил буд. Дар арафаи соли таҳсили нав ба илтимоси зердасташ Наҷмиддин «не» гуфта натавонист ва барои дамгирӣ ҷавоб дод. Ду дӯст аз Самарқанд ба Маскав ва аз он ҷо ба шаҳри Одесса парвоз карданд. Дар бандаргоҳ «Адмирал Нахимов» интизори сайёҳон буд. Киштӣ ба бинои зебои сафеди бисёрқабата монанд буд ва шароити хуби зисту истироҳатӣ дошт. Аз зинапоя як ҳазору 243 нафар сайёҳ баромада, дар хонаҳои барои ду ва чор нафар пешбинишуда ҷой гирифтанд.
Дар каютаи бароҳат ғайр аз дӯстони самарқандӣ ду нафар сайёҳ аз Украина низ ҳузур доштанд. Онҳо зуд унс гирифта, дӯст шуданд. Тамошои шаҳрҳои Ялта ва Новороссийск хуш анҷомид. Ва баъди хӯроки шом киштӣ аз рӯи нақша боз ба роҳ баромад.
Садои мусиқӣ дар саҳни киштӣ танинандоз мегашт. Насими форами рӯҳафзо мевазид. Сайёҳон мерақсиданд ва шоду масрур буданд. Наҷмиддин ба каюта баргашта бо мутолиаи китоб оиди мифологияи Юнони қадим банд гардид. Абдувакил бошад, дар саҳни киштӣ монд. «Адмирал Нахимов» ҳаракати худро аз рӯйи ҷадвал ба сӯйи Сочӣ давом медод.
Рӯ ба рӯйи «Адмирал Нахимов» киштии боркаши зарфияташ 400 ҳазортоннагии «Пётр Васев» ҳаракат дошт. Дар натиҷаи бетаҷрибагии диспетчерҳо киштиҳо ба ҳам бархӯрданд.
Абдувакил дар саҳни киштӣ меистоду аз тамошои шаби сокини баҳр завқ мебардошт. Мавҷи баҳрӣ вайро ба худ ҷалб мекард. Ӯ ба амал омадани зарбаи сахти ногаҳониро ҳис намуд, ки аз он киштӣ ҷунбиду об ба иллюминатор зад. “Садама!” – фикр кард Абдувакил. – Бо он ҳазлу шӯхӣ карда намешавад.
Гарчанд ҳеҷ гуна фармон дода нашуд, аммо Абдувакилу ҳамдиёраш Габрилянс ҳангоми сӯи каютаи худ давидан раҳораҳ дари дигаронро сахт кӯфта, нидо медоданд: «садама!», «ғарқ мешавем!», «худро наҷот диҳед!» Одамон ба воҳима афтода ба толори тангу торик мебаромаданд.
Наҷмиддин бо ҳайрат ба иллюминатор нигоҳ кард. Об дар ҳақиқат ба тирезача мезад. Бояд гуфт, ки онҳо дар каютаи класси саввум ҷойгир буданд. Сайёҳон нимтанаҳои наҷотро мепӯшиданд, ки чароғҳои барқии киштӣ якбора хомӯш гашту ҳама ҷоро торикӣ пахш кард. Аз долону роҳрави каҷу килеби асрорангез ба боло баромадан кори осон набуд. Наҷмиддини дурандеш барои раҳгум назадан самти ҳаракатро омӯхта, дар хотир ҷой дода буд. Вай зуд ба ҳаракати роҳ ёфтан даромад. Одамон ҳама дар фикри халос кардани ҷони худ буданд. Баъзеҳо ба ваҳм афтода, чӣ кор карданро намедонистанд.
Вақте ки Наҷмиддину Абдувакил ба саҳни киштӣ баромаданд, он якпаҳлӯ гашта буд. Мавҷи обӣ одамонро мебурд. Акнун сайёҳони бечора аз даҳшат имдодомез овоз мебароварданд. Абдувакил ба дӯсти худ фармон дод:
– Худро ба об парто, набошад бо киштӣ ғарқ мешавем!
Дарҳақиқат, дар як фурсат киштӣ зери об фурӯ рафт. Садҳо одамон ба гирдоб афтода, ғарқ шуданд. Ҳар ду дӯстро нимтанаҳои наҷоти пӯшидаашон аз марг халос кард. Онҳо қариб як соат дар об дасту по зада, ҷон ба саломат бурданд. Ниҳоят як заврақ аз куҷое пайдо шуду онҳоро ба борташ гирифт. Дар соҳил ба осебдидагон ёрдами аввалини тиббӣ расонданд.
Дар он шаби фоҷиавӣ духтурони самарқандӣ ҳам ба осебдидагон ёрдам доданд. Дар ҳолати экстремал ҳаёти беш аз 800 нафар сайёҳ наҷот дода шуд.
Ҳоло аз он воқеаи мудҳиш беш аз 40 сол сипарӣ гашт. Аммо ягон рӯзу соат нест, ки фоҷиаи шаби 31-уми августи соли 1986-и дар баҳри Сиёҳ рӯйдода аз хотири Наҷмиддин Бердиев зудуда гардад.
– Медонед, садама дар баҳри кушод воқеаи мудҳиш гардид, – мегӯяд Н.Бердиев. – Сабаби ба ҳалокат расидани киштиву ғарқ шудани одамон то ҳол аксариятро ба андеша водор месозад. Аммо тафтишоти фоҷиа исбот кард, ки ду моҳ пеш аз ҳалокати «Админал Нахимов» киштӣ корношоям дониста шудааст. Охир, киштӣ дар фосилаи ниҳоят кӯтоҳ – ҳамагӣ 7-8 дақиқа ғарқ шуд. – Мо аз мурофааи суд ва ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардидани капитанҳо В. Марков ва В.Ткаченко хабардор ҳастем.
Беш аз 500 нафар капитанҳои киштиҳои Иттиҳоди шӯравӣ муроҷиат кардаанд, ки ҷазои ҳамкасбони онҳо кам карда шавад. Зеро сабаб ва шароити садама ҳамтарафа, дақиқназарона, мӯшикофона санҷида нашудааст. Тааҷҷубовараш он буд, ки капитан Вадим Марков баъди амнистия худро гунаҳкор дониста ба озодӣ набаромад, вале аз беморӣ вафот кард.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
ш.Самарқанд.