Дӯкони ғайриодӣ дар баландии 120 метр: дар он ҷо чӣ мефурӯшанд?

Дар ҷаҳон дӯконе ҳаст, ки шояд онро яке аз ғайриодӣ ва номувофиқтарин ҷойҳои савдо номидан мумкин бошад. Ин дӯкони хурдакак дар баландии 120 метр аз сатҳи замин, дар доманаи қуллаи амудӣ ҷойгир шудааст.

Барои кӯҳнавардон чунин дӯкон, албатта, хеле қулай аст: ҳангоми тай кардани роҳи душвор метавон дар он ҷо нӯшокӣ харид. Аммо ба ҳоли фурӯшандае, ки ҳар рӯз барои расидан ба ҷойи кораш маҷбур аст ҳамин масири пурмашаққатро тай кунад, беихтиёр дил месӯзад.
Масоҳати ин дӯкони ғайриодӣ ҳамагӣ ду метри мураббаъ аст. Аз дур он ба назар хеле ғароиб менамояд ва саволе ба миён меояд: чӣ зарурате буд, ки маҳз дар чунин ҷой дӯкон бунёд кунанд?
Маълум мешавад, ки ин нуқтаи савдо барои кӯҳнавардоне, ки ба фатҳи қуллаҳои амудии Боғи миллии геологии Шинючжай дар музофоти Хунани Чин мебароянд, хизмат мерасонад.
Ба дӯкон тавассути масири махсусе, ки бо воситаҳои муҳофизатии металлӣ муҷаҳҳаз шудааст, расидан мумкин аст. Кӯҳнавардон ҳангоми болоравӣ камарбандҳои муҳофизатии худро ба онҳо маҳкам мекунанд. Дар ҳамин масири душвор дӯкони хурд ба як нуқтаи шинос ва истгоҳи кӯтоҳи роҳ табдил ёфтааст.
Нархҳо ҳам, ба гуфтаи манбаъҳо, аз нархҳои маъмулӣ чандон фарқ надоранд. Масалан, як шиша об тақрибан 2 юан арзиш дорад. Дар баъзе нашрияҳои соли 2023 низ гуфта шуда буд, ки кӯҳнавардон баъди тақрибан 90 дақиқа болоравӣ метавонанд оби ройгон гиранд.
Як ҷузъиёти ҷолиб ин аст, ки дар ин дӯкон пардохт асосан бо пули нақд анҷом дода мешавад. Кормандон ҳар рӯз нӯшокиҳоро барои меҳмонон ба болои қулла мебароранд, вале худашон мекӯшанд аз ҳад зиёд об нанӯшанд. Сабабаш ҳам хеле оддӣ аст: барои расидан ба ҳоҷатхона боз бояд роҳи тӯлонии поёнро тай кард.
Ба фаъолияти ин дӯкони ғайриодӣ тақрибан даҳ сол мешавад. Дар давраи пандемия он баста шуда буд ва баъзе кӯҳнавардоне, ки ба ин ҷо мерасиданд, бевосита шоҳиди баста будани он мешуданд. Дар бархе манбаъҳо инчунин гуфта мешавад, ки дӯкон баъзан бо сабаби мушкилоти марбут ба кормандон фаъолият намекунад ва на ҳамеша дар тамоми сол боз аст.
Дар рӯзҳои маъмулӣ дӯкон аз соати 8:00 то 17:00 фаъолият мекунад. Ба ғайр аз обу дигар нӯшокиҳо, дар ин ҷо газакҳои оддӣ низ фурӯхта мешаванд, менависад vokrugsveta.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: