Дар доираи барномаи чорабиниҳо дар Белград маросими сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо баландтарин мукофоти давлатии Сербия — Ордени Ҷумҳурии Сербия бо Занҷири бузург баргузор гардид.
Ин орденро барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Сербия ба роҳбари давлати мо Президенти Сербия Александр Вучич тақдим намуд.
Роҳбари кишвари мо барои ин мукофоти олии давлатӣ изҳори сипоси амиқ намуда, таъкид кард, ки онро ҳамчун рамзи эҳтироми амиқи мардуми Сербия ба Ӯзбекистон, дӯстии рӯзафзун ва азми қавӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба медонад.
Ордени Ҷумҳурии Сербия ба арбобони барҷастаи хориҷӣ барои саҳми арзанда дар таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, инчунин рушди робитаҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Сербия тақдим карда мешавад.