73,5 фоизи волидон низоми «School Bus»-ро дар мактабҳои Тошканд ҷонибдорӣ карданд

Дар мактабҳои шаҳри Тошканд имкони ҷорӣ намудани низоми махсуси автобусҳои мактабӣ — «School Bus» — мавриди омӯзиш қарор дорад. Ҳадаф аз роҳандозии ин низом таъмини рафтуомади бехатару қулайи хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Пеш аз ҷорӣ намудани низом эҳтиёҷоти волидон, тарзи рафтуомади хонандагон ба мактаб ва маълумоти зарурӣ барои муайян кардани самтҳои минбаъдаи ҳаракати автобусҳо таҳлил карда мешавад.
То имрӯз дар 29 мактаб аз 328 мактаби шаҳри Тошканд, ки тибқи шумораи зиёди хонандагон ва ҳисобҳои пешакӣ эҳтиёҷ ба низоми «School Bus» дар онҳо бештар арзёбӣ шудааст, пурсиш гузаронида шуд. Дар ин пурсиш 58 ҳазору 369 нафар аъзои оилаи хонандагон ё васиёни онҳо иштирок карданд.

Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, хонандагон ба мактаб:

▪️ 38,5 фоиз — пиёда мераванд;
▪️ 33,1 фоиз — бо мошини шахсии волидонашон мераванд;
▪️ 18,3 фоиз — аз автобус истифода мебаранд;
▪️ 5,7 фоиз — бо таксӣ мераванд;
▪️ 3,5 фоиз — тавассути метро рафтуомад мекунанд;
▪️ 0,9 фоиз — аз воситаҳои микромобилӣ истифода мебаранд.


Ҳамзамон, 73,5 фоизи иштирокдорони пурсиш хоҳиши ташкили хатсайрҳои махсуси автобусҳои мактабиро изҳор кардаанд.

Ин нишондиҳанда аз эҳтиёҷи зиёд ба низоми «School Bus» дар пойтахт шаҳодат медиҳад. Пурсиш дар дигар мактабҳои Тошканд низ марҳила ба марҳила идома хоҳад ёфт.
Бар асоси натиҷаҳои ниҳоии пурсиш ҷараёни ҳаракати хонандагон, самтҳои автобусҳо, шумораи зарурии автобусҳо, ҷадвали ҳаракат, нуқтаҳои бехатари савор ва фаровардани хонандагон, инчунин дигар масъалаҳои ташкилии марбут ба роҳандозии низом омӯхта мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: