Ҳанӯз пеш аз офати КОВИД-19 буд, ки Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ бо ташаббуси аҷибу ибратбахш ба баъзе идораҳои рӯзномаҳо муроҷиат карда буд, ки омода аст аз ҳар кадоми онҳо бо роҳхати иттифоқи эҷодӣ журналистеро ба сафари хидматӣ-эҷодӣ бифристад.
Аз ҷумла ба камина бо чунин пешниҳод муроҷиат карда буданд ва мебоист маҳаллеро барои ин сафар интихоб кунам. Чун дар бораи деҳаи аҷоибу ғароиби Ғелон дар ноҳияи Шаҳрисабз зиёд шунидаву аз аксу наворҳо дида будам, манро ҳамеша орзуи дидани ин русто тарк намекард. Аз ин боис Ғелонро чун маҳалли сафари эҷодӣ интихоб кардаму ба Иттифоқи журналистон аз ин бобат хабар додам. То он ки онҳо сафари маро бо ҳуҷҷату маблағ омода кунанд, балои осмонии короновирус расиду на танҳо барномаи хоси ман, балки тамоми ҷамъияту мамлакатро ба ҳам зад. Дигар дар чунин шароит ҳатто фикр кардан дар бораи сафар берун аз мантиқ буд. Аммо ин орзуро ман доиман дар дил мепарваридам... то он ки фурсати муносиб ва мавқеи мувофиқ пеш наомад.
Бо яке аз ошноёни деринаам аз Институти этнография ва антропологияи Русия Озод Примов, ки худ зодаи Нуқуси Қароқалпоқистон асту ҳоло дар пажӯҳишгоҳи номбурда бобати бовару асотир ва афсонаву ривоятҳо дар вобастагӣ бо гоҳномаву тақвим ва ҷойгоҳи онҳо дар фаъолияту рӯзгори деҳқонони таҳҷоӣ тадқиқот мебарад, чанд вақт аст, ки дар пайи ин гуна сафари экспедитсионӣ ба чунин гӯшаи аз нигоҳи этнографӣ бокира ва суннатӣ су4бат мекардем. Вақте мулоҳиза ва таърихи нияти боздиди Ғелонро бо вай боҳам дидам, бе дудилагӣ розӣ шуд.
...Инак, мо дар Ғелон. Аммо то он ки ба ин макони диданӣ ва обод расем, аз пойтахт аз тариқи Самарқанду ағбаи Китоб то Миракӣ расидем ва баъд аз он бароямон манзараҳои нотакрору бунёдкориҳо ва сохтмонҳои азиму роҳсозиҳо намудор шуданд. Вақте аз Миракии ба назар ободу шинам ва сарсабз боло шудем, дар болои сарамон кабинаҳои роҳи танобӣ намудор шуданд, ки симе боло мерафту хати дигараш поён ҳаракат мекард. Аввали роҳ бо фарози худ дарак медод, ки давоми он мисли сараш ҳанӯз шағалу санглох ва пур аз ғубору чанг аст. Дар ин роҳҳо техникаи боҳашамати роҳсозон беист кор мекард. Баръакс онҳо мошинҳои роҳгузари мусофиронро баъзан нигоҳ медоштанд, ки ба он говмошинҳои гаронвазни роҳи шағалро белкунанда халал нарасонанд, зеро ин коргарҳо беҳтар аз дигарон медонанд, ки ин рӯзҳои гарми тобистону аввали тирамоҳ ғанимат асту агар то фарорасии ҳавои сард ҳаҷми муайяншудаи корро анҷом надиҳанд, дар ҳавои хунук ва барфи ғафси ин маҳалҳои бағали кӯҳу адирҳо меҳнат кардан аз имкони инсон берун аст. Дар ҳар сурат ин корҳо бояд зудтар анҷом дода шаванд, зеро мақсад гузошта шудааст, ки таҷрибаи Миракӣ, ки ҳоло соле то 1 млн. сайёҳ қабул мекунад, дар дигар маконҳои сайёҳӣ низ чун тарзи сайёҳии кӯҳистон, таому сайрҳои оилавӣ ба амал татбиқ гардида ва аз ин боис мавзеъҳо зудтар ободу барои ҷаҳонгардӣ роҳату муносиб бошад.
Роҳи беш аз 50-километрии аз Миракӣ то Ғелон асосан қад-қади обанбори Ҳисорак мегузарад. Атрофи обанбор низ аз нигоҳи зарфият молики имконоти зиёди фароғату саёҳат мебошад. Ҳарчи болотар меравед, баъзе аз қисмҳои роҳ танг шуда, аз тарафи дарё бо деворҳои баланд ҳисор гирифта шудааст ва зоҳиран маълум мегардад, ки дами дарёи Оқдарёро баста, агрегатҳои генератсионӣ насб мекунанд, то ки дар минтақа масъалаи таъмин бо барқ ҳаллу фасл гардад. Ин неругоҳҳо на фақат бо мунҷар ба имрӯз, балки бо ба инобат гирифтани оянда низ бунёд мегарданд. Зеро дар 240 гектар майдони ноҳияи Шаҳрисабз, ки дар ҳудуди ҷамоати «Миракӣ» ҷойгир аст, барои 1050 кат меҳмонсаройҳои 2 ва 3-ситорадор, 135 меҳмонхонаи оилавӣ, 2 санатория ва чандин иншооти дигар ва ёрирасон, боз зерсохторҳои дигар, ки ин маҷмааҳоро пурра месозанд, бунёд хоҳанд шуд. Табиист, ки ҳамаи ин созандагиҳо барои фардои минтақа ва ободиву таъминоти иҷтимоиву маишии он – пеш аз ҳама ҷамъияти манотиқи куҳистон ба дард мехӯрад. Гузашта аз ин, тобистони соли гузашта Президент ҳангоми ташриф ба Қашқадарё супориш дода буд, ки аз ҳисоби истифода аз обанбори Ҳисорак вазъи таъмини оби ошомидании вилояти Қашқадарё беҳтар карда шавад. Дар натиҷа, лоиҳаи бузурге ба кор андохта шуд, ки дар шаҳри Қаршӣ, ноҳияҳои Қамашӣ, Ғузор ва Қаршӣ 1,1 млн. аҳолӣ бо оби тоза таъмин гардид. Агарчи дар минтақаҳои кӯҳистони вилоят об ва хусусан оби ошомиданӣ фаровон аст, дар ҳудудҳои дашту ялангӣ манзара тамоман ҳузновар мебошад. Эҳтимол кам нафарон медонанд, ки ҳанӯз соли 2017 ҳамагӣ 11 фоизи аҳолии вилоят бо оби тоза таъмин буд. Дар ин солҳои охир барои ин корҳо 2 трлн. 750 млрд. сум маблағ маҳз ба чунин лоиҳаҳо харҷ гардид ва ҳоло мебинем, ки 61,5 фоиз мардуми Қашқадарё ба оби тоза дастрасӣ дорад.
***
Ин роҳи шағаливу чангӣ моро оқибат ба Ғелон расонд ва бояд бигӯям, ки охирин беш аз даҳ километри роҳ асфалтпӯш буд ва фикр мекунам ҳар роҳнаварду савора ва ронанда дар ин қисмати ҷода роҳат равуо мекунад. Ин роҳи асфалтӣ ҳам қад-қади дарёи Оқдарё, мисли море, ки фақат лаб-лаби ҷӯйбор мехазад, ба дарозо мекашид. Дар баъзе гардишҳои дарё хонаҳои мисли кӯлбаи бесоҳибу фартут ба назар мерасиданд, ки ба гуфтаи маҳаллиҳо дар ин кулбаҳо агрегатҳои тавлиди барқ гузошта шуда, мардум норасоии равшаниро бад-ин тариқ таъмин мекунанд ва гуфта мешавад, ки аз чунин «мини-гэс»-ҳо дар ин гирду атроф бештар аз бистто вуҷуд дорад ва ба қавли ҳамроҳ ва роҳбалади мо, сарвари ирфону маорифи деҳа Рӯзибой Қурбонов, онҳо «гэсҳои дастисохт»-анд.
Чунин шароити баландкӯҳ ва мавқеияти душворгузару ноҳамвори деҳоти ин минтақа мардумро водор намудааст, ки ба ихтироъҳо даст зананд ва василаи рӯзгору ҷиҳозҳои дархури зиндагиашонро худ созанду ба истилоҳ, худкифо бошанд. Қишлоқ, ки дар ҳалқаи силсилакӯҳҳои Ҳисор дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мавқеъ гирифтааст, бо зимистон ва баҳори тӯлониаш аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Аз ин боис бо ба ҳисоб гирифтани иқлим ва боду ҳавои баландкӯҳу доманакӯҳ ва худи маҳалли сукунати доимии одамон дар як вақт чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст. Дарвоқеъ, аз баландтарин қуллаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ Ҳазрати Султон низ дар 30 километрии Ғелон ҷой гирифта баландии он 4643 метрро ташкил медиҳад.
Чизе, ки ба аксари деҳаҳои қадими кӯҳистон хос аст, барои Ғелони 5,5 ҳазорнафара низ бегона нест. Дар дохили деҳа хонадонҳои мардум аксаран камзамин асту дар бисёрии онҳо аз куча рост ба хонадон медароянд. Соҳибони онҳо дар адиру доманакӯҳҳо заминҳои алоҳидаи кишт доранд, ки ризқи хонаводаҳои худро аз ҳисоби онҳо таъмин мекунанд. Хоки ин боғу адирҳо маъмулан моси картошкапарварӣ ҳастанд, зеро дар гузаштаи наздик деҳқонии ғелониён асосан аз ин полиз иборат буду ҳоло ҳаҷму эътибораш ба он кам гаштааст, зеро дигар манбаъҳои таъмини зиндагӣ ба вуҷуд омадааст.
Ғелониҳо бо вуҷуди ворид шудани унсурҳои нави ҳаёт ва саноати муосир аз анъанаву ҳунар ва касбҳои бобоии худ даст накашидаанд. Ҳанӯз ҳам оҳангарӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ, табақтарошӣ ва табиист, ки деҳқонӣ аз шуғлҳои қадимии онҳо шумурда мешавад. Хусусан кишту кор бо вуҷуди ҳарчи бештар ба ҳисоби саноати сайёҳиву фароғатӣ гузаштани заминҳои кишт. Чун шуғли муҳим рушд мекунад. Дар боғҳои асосии киштукор, ки аз ҳавлиашон дуртар аст, бо деҳқонон баъзан ҳодисаҳои аҷибе рух медиҳанд, ки он ба маҳалҳои кӯҳиву адиру даштҳо хос аст. Одамон баъзан хирсҳои малларо, ки дар ин кӯҳпояҳо дучор мегарданд, дар киштҳои худ вомехуранд.
– Онҳо безараранд, – аз тааҷҷуби ман маънӣ бардошта мегӯяд Абдумалик Ҳамидови 72-сола, – мисли бисёр дигар ҷонварҳо, агар зарар нарасонӣ, коре надоранд. Ягона ҳодисае, ки нафареро ҳалок карда буд, ин ҳам бо амри қасос рӯй дода буд, ки он нафар бо заказе бачаи хирсро мебарад ва дархосткунанда бачаи дуюмашро низ фармоиш медиҳад ва шикорчӣ вақти дунболи хирсбачаи дуюм рафтан аз дасти модархирс кушта мешавад.
– Ҳоло барои барпо кардани маҷмааи фароғативу ҷаҳонгардӣ бештар аз нимаи заминҳои кишту чарогоҳҳои моро гирифтанд, ки бештар аз 5 ҳазор гектарро ташкил мекарданд, – тавзеҳ медиҳад муаллим Рӯзибой. – Маълум мешавад, ки обу хоку ҳавову манзараи муносиб на фақат барои деҳқонӣ, барои фароғату табобат ва дилхушӣ низ мос будааст, вагарна барои ин соҳили дарёву адирҳои моро интихоб намекарданд.
Рӯзҳои мо дар ин деҳа ба гармои тафсони тобистон рост омад ва он вақт, ба гуфти муаллим Рӯзибой, дар Ғелон сайёҳон бештар аз худи ғелониҳо буданд. Пас чаро рушд кардани сайёҳӣ яке аз манбаъҳои рӯзирасони мардум набошад?! Дар ин ҷо барои меҳмонон на танҳо табиати аслу ҳавои поку сохтмонҳои суннатӣ, меҳмоннавозии тоҷикӣ ва кӯчаҳои тангу тори қадимӣ, ҳатто мисли шаҳр галереяи санъати наққошони маҳаллӣ низ пешкаш мегардад.
Мо ҳоло дар ҳунаристони Муҳаммадӣ Чоршанбиев, ки шогирдони зиёдеро тарбия кардаасту дар пойтахт намоиши махсуси асарҳояш низ барпо гаштааст, қарор дорем. Дар як хонаи махсусаш асарҳояш дар девору тоқчаву фарш хеле зич чида шудаанд ва барои он ки бо мо сӯҳбат кунад, кори ҳавлиро гузошта омад ва ҳамзамон либоси танашро аз хоку чанг меафшонд.
– Азбаски дар гӯшаи нақшҳо нархнома ҳам часпонда шудааст, инҳо ба фурӯш ҳам мераванд? – кунҷковӣ мекунам ман.
– Бале, дар ҳар сурат нарх гузоштан хубтар аст, чунки гоҳ-гоҳ ҳангоми харидорӣ аз қиматаш пурсон мекунанд, – бе муболиға ҷавоб медиҳад Чоршанбеи наққош.
Дар деҳа боз як узви Иттиҳоди эҷодии бадеии Ӯзбекистон Шариф Султонов низ соҳиби галереяи ҳунарӣ мебошад, ки ҳар алоқаманди ҳунари наққошӣ метавонад аз он боздид намояд.
Роҳбаладамон моро ба ҷониби ёдгории деҳа ва чойхона роҳнамоӣ мекард, ки дар роҳ чанд нафар шахси корҷомапӯшро дидем, ки дар сари синаи либосашон «Ӯзтелеком» навишта шуда буд. Пурсидем ва маълум гардид, ки онҳо ҳоло ба деҳа хати ноқили интернет меовардаанд, ки аҳли Ғелон бо шабакаи интернет бе ягон мамониат дастрасӣ пайдо кунанд.
Дар ҳамин ҷо ба ёдам расид, ки то он лаҳза чанд бор шунида будам, ки «Ғелон шаҳр аст дар мақоми қишлоқ». Боз шунидам, ки ин қишлоқ аз оромтарин ва осудатарин маҳаллест, ки мардумаш ба ҳамдигар даъвову шикоят надоранд ва дар камоли тафоҳуму мусолиҳаву муошират умр ба сар мебаранд. Дар ин маврид ман як воқеаеро, ки дар роҳ таксибони ғелонӣ нақл кард, ҳодисаи истисноӣ пиндоштам.
Ӯ дар телефон бо касе пасту баланд суҳбат карду пас аз он бароямон ҷараёнро фаҳмонд. Аз ҳамсоягон нафаре бо присепаш қуттиҳои занбури асалро ба саҳро бурдан мехостааст, аз тангии роҳ ва ё дағалии присеп он ба мошини сабукрави навакак ба падари таксибон туҳфашуда бархурда, автомобили нав хароб мешавад ва ҷониби зарардида даъво мекунад, ки соҳиби присеп харҷи таъмири мошинро пардохт кунад ва бинобар суханони таксибони мо, ҷониби дуюм рехтани он пулро кашол медод, ки ин боиси тезутунд шудани муносибаташон мегардид. Таксибон боз илова кард, ки он присеп то ҷойи муқарраршуда қуттиҳои занбурро расонда натавониста, дар роҳ чаппа шудааст. Дар чунин ҳол масале ба ёд расид, ки афсус «бало танҳо намеояд».
Ҳоло мо дар даромадгоҳи чойхонаи деҳ қарор дорем, ки дар бағали дарвозаи он дарахти босалобат ва зоҳиран пири тут ба осмон қад кашида буд.
– Ин дарахти тут шоҳиди аслии фоҷиаи Ғелон гаштааст, – ба дарахт ишора мекунад муаллим Рӯзибой. – Оқсақолҳои маҳал нақл мекунанд, ки ин воқеаи мудҳиш ё сентябри соли 1924 ё 1925 рух додааст. Дар замони муборизаи синфӣ аксулинқилобиёни қурбошӣ Иброҳимбеки босмачӣ зери роҳбарии саркарда Қурбонназар мисли дигар деҳот ба Ғелон ҳам бо тамаъи хироҷ фиристода мешаванд ва онҳо аз пеши худ ба дафтари андоз овардани ду нафар духтарро низ изофа мекунанд. Аз ин талаби беадолатона ғелониҳо оташин мешаванд ва ба ин худсарии онҳо на фақат ҷавоби рад медиҳанд, балки фиристодаҳои қурбоширо ҷазо ҳам медиҳанд.
Аз ин рафтори мардум дарғазаб гардидани қурбошӣ табиӣ буд ва барои ҷазои ин мардони шуҷоъ гурӯҳи мусаллаҳеро мефиристад, ки онҳо омада аввал амини деҳа Абдукарим ва дигар пешвоёни қишлоқро ба ҳамин тут аз даступо баста, мекушанд ва баъд қишлоқро ба оташ мекашанд, ки дар натиҷа 185 хонадон сӯхта хокистар мегардад, садҳо нафар зану марду кӯдак ваҳшиёна кушта ва ё рабуда мешаванд. Яке аз модарон, ки ҳангоми ширмаконӣ дар сари гаҳвора паронда мешавад, чандин соати дигар ҷасадаш дар рӯйи гаҳвора ва пистони муборакаш дар даҳони кудакаш мемонад. Ин кӯдак, ки Ориф ном дошт, то синни боло расид ва соли 197(?) вафот намуд.
Зимнан аз масъули корҳои ҷавонони ҷамоати Кӯли ҳамсоя Ҷӯрабек Ҳайдаров, ки байни ин деҳаҳо беш аз 10 км. асту адирҳои баланд онҳоро ҷудо мекунанд, шунидам, ки кӯлиён аз дуди ғафсу ғализи ин сӯхтори ба осмон печида нигарон шуда, ба Ғелон омада будаанд ва дар хомуш кардану мададрасонӣ сайъ кардаанд.
Дар назди ҳамин тут, ки боз сангнавиштаҳо аз таърихи пуршаъни деҳа гузошта шудаанд, ду санги баланди мармарии алоҳида устувор кардаанд. Дар онҳо бо ҳиммати директори ҳамонвақтаи мактаб Қурбоналӣ Нарзиқулов номи 51 шаҳиди ғелонӣ аз дасти босмачиён муайян ва сабт гаштаанд.
Ин саҳифаи мудҳиш дар таърихи начандон дури деҳа ҳанӯз аз қалбҳо ба қалбҳо гузашта, чун дарду доғи бемарҳаму носутурданӣ дар лавҳи хотир боқӣ мемонад.
***
Ҳамин тариқ, Ғелони нотакрор имрӯз давраи таҳаввулоти дигарро аз сар мегузаронад. Пас аз анҷом ёфтани он лоиҳаву тарҳҳои нави сиративу суратӣ дар ин минтақаву маҳал деҳа ба худ ҳам симову ҳам муҳтавои аҷибу ғарибро касб хоҳад кард.
Тоҷибой Икромов,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Қашқадарё.
Аксбардор: Т. Ховарӣ.