ЯНГИҚӮРҒОН. Дар Намангон боз як корхонаи бузург, ки аз ҷониби ҶММ- и «Наманган шарбати» барпо карда шуд, ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарони вилоят ва ноҳия, намояндагони маҳаллаҳо, нурониён ва соҳибкорон иштирок карданд.
Ин лоиҳаи сармоягузорӣ натиҷаи амалии ислоҳоти бузургест, ки дар кишварамон ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ нигаронида шудааст.
Корхонаи замонавӣ, ки дар масоҳати 1,6 гектар сохта шудааст, дар як сол иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна маҳсулоти меваю сабзавотро дорад. Арзиши умумии лоиҳа 25 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба кор андохтани корхона дар ноҳия на танҳо барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ, балки барои таъмини шуғли аҳолӣ низ аҳамияти калон дорад. Дар ин ҷо 150 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Тавре ки дар маросим қайд карда шуд, маҳсулоте, ки дар корхона бо истифода аз технологияҳои замонавӣ истеҳсол мешаванд, на танҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ мегардонанд, балки барои афзоиши иқтидори содиротӣ низ хизмат мекунанд.
Аз ҷумла, тавассути коркарди амиқи маҳсулоти меваю сабзавот, ки дар ноҳия парвариш карда мешаванд, имкониятҳои навро барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ фароҳам меорад.
Норин. Дар арафаи 35-солагии Истиқлолият дар маҳаллаи Янги Намангон боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ – поликлиникаи оилавии рақами 20 ба истифода дода шуд.
Дар маросим ҳокими вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, нурониён ва фаъолони маҳалла иштирок карданд.
Барои сохтмони бинои замонавӣ 4 миллиарду 800 миллион сӯм сарф шуд. Ба маскани тиббӣ инчунин бо маблағи 1 миллиарду 500 миллион сӯмина 77 намуди таҷҳизоти тиббӣ оварда шудааст ва корҳои насби онҳо идома доранд. 20 дона компютери замонавӣ оварда шуд ва пурра ба шабакаи маҳаллӣ пайваст карда мешавад. Ин имкониятҳои пешниҳодшуда ба аҳолӣ хизмати тиббиро боз ҳам васеътар мекунад. Ба нақша гирифта шудааст, ки 16 ҳазору 440 нафар мардуми маҳалла бо системаи DIMED фаро гирифта шаванд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.