Хитой миёни Замин ва Моҳ шабакаи байналмилалии моҳвораҳои сунъӣ таъсис медиҳад

Хитой барномаи илмии Cislunar CubeSat Constellation-ро роҳандозӣ кард, ки ҳадафи он то соли 2030 таъсис додани шабакаи байналмилалии моҳвораҳои сунъӣ миёни Замин ва Моҳ мебошад.

Дар доираи ин лоиҳа ба мадор 30 моҳвораи хурди сунъии навъи 12U CubeSat бароварда мешавад. Вазни ҳар кадоми онҳо то 30 килограммро ташкил медиҳад. Ин моҳвораҳо обуҳавои кайҳониро назорат карда, инчунин имкони сабти дақиқтари таркишҳои гамма-нуриро фароҳам хоҳанд кард.
Лоиҳа барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳқиқоти кайҳонӣ замина мегузорад. Ба иттилои Kazinform, аллакай муассисаҳои илмии Таиланд, Сербия, Миср, Сенегал, Индонезия ва чанд кишвари дигар дар он иштирок доранд.
Ташкилкунандагони лоиҳа ҳамчунин ният доранд стандартҳои ягонаи интерфейсро таҳия кунанд, ки барои омода намудани мутахассисон ва ҷалби намояндагони кишварҳои гуногун ба лоиҳаҳои таҳқиқоти кайҳонӣ имконият фароҳам меорад.
Фазои наздики Моҳ аз мадори Замин оғоз шуда, то масофаи тақрибан 2 миллион километр аз сайёраи мо тӯл мекашад. Хитой ин минтақаи стратегии кайҳониро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти оянда барои амалӣ намудани миссияҳои моҳвораӣ ва ҷойгир кардани пойгоҳҳои тадқиқотӣ дар Моҳ арзёбӣ мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: