Дар солҳои охир перомуни сар задани сӯхторҳои ногаҳонӣ ва фавти одамону ҷароҳат бардоштани чанд тани дигар дар вилояти Фарғона пахши хабарҳои гуногун мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи онро ба нигарониҳо мувоҷеҳ кардааст.
Гуфта мешавад, ҷиҳати пешгирӣ аз сӯхтор ва ҳаводиси дигари ногувори марбут ба ҳолатҳои фавқулодда байни мардум корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ пиёда карда мешаванд, аммо дар натиҷаи бемасъулиятии ин ё он аъзои хонавода ва ё масъулони иншооти маданиву маърифатӣ ва маишӣ дар ин ё он минтақаи вилоят сӯхтор ба амал меояд, ки дар пай хисороти ҷониву молӣ низ дорад.
Агар бевосита ба мисолҳо муроҷиат карданӣ бошем, шоми 16 июни соли равон дар дар яке аз чойхонаҳо, воқеъ дар маҳаллаи Сойбуйии ноҳияи Ёзёвони вилоят сӯхтори шадид рух додааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Ҳолатҳои изтирории вилоят бар асари сӯхтор як бинои ғайриистиқоматӣ бо се мошини сабукрав - як Labo, як Hyundai ва як Mercedes-Benz сӯхта, 2 нафар ҷон бохтаанд ва 3 нафар сахт маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳодисаи дигари сӯхторе, ки дар як қаҳвахонаи караоке, воқеъ дар таҳхонаи бинои 4-ошёнаи кӯчаи Сайилгоҳи шаҳри Фарғона, ба амал омадааст, ки 6 нафар кушта ва 7 нафари дигар маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст. Бо супориши Президенти мамлакат, барои тафтиши ҳодиса ва расонидани кумак ба осебдидагон таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раматов комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шудаст.
Аммо ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҳолатҳои ногувор чи бояд кард? Ба ин суол ба масъулини идораи ҳолатҳои изтирории вилоят муроҷиат кардем. Тавре ки масъули дафтари матбуоти Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Фарғона, лейтенанти калон Сардор Аббозов гуфт, фақат чораҳои пешгирикунанда омили муҳим барои рух надодани ҳолатҳои сӯхто ва хисороти ҷониву молӣ мебошад.
-Дар доираи "Моҳи огоҳӣ аз сӯхтор - моҳи тадобири фаромиллӣ" идораи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирӣ намудани сӯхтор ва таъмини амну осудагии аҳолӣ чораҳои мушаххас пиёда менамояд. Бо наздик шудани мавсими тирамоҳу зимистон, масъалаи бехатарии сӯхтор дар манзилҳо, иншооти иҷтимоӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ рӯз аз рӯз муҳимтар мегардад. Хусусан дар мавсими гармидиҳӣ, омилҳо ба монанди истифодаи нодурусти дастгоҳҳое, ки ба воситаи барқ ва газ фаъолоанд, корношоямии дудкашҳо ва каналҳои вентилятсия ва беназорат гузоштани дастгоҳҳои гармидиҳӣ метавонанд хатари ҷиддӣ эҷод кунанд,-изҳор дошт Сардор Аббозов.
Ба гуфтаи ӯ тасодуфӣ нест, ки моҳи сентябр ҳамчун "Моҳи огоҳӣ аз сӯхтор - моҳи тадобири фаромиллӣ" қайд карда мешавад. Ҳадафи асосии лоиҳа на танҳо пешгирии сӯхтор, балки ташаккули одати шинохтани хатар ва вокуниш ба он пеш аз ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда мебошад. масъули дафтари матбуоти Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят тазаккур дод, ки мувофиқи фармони Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 205 аз 1 ноябри соли 2025 ва дастури дахлдори Вазорат аз 1 сентябри соли 2026, дар вилояти Фарғона корҳои моҳонаи мазкур ташкил карда шудаанд.
-Ҳангоми рух додани сӯхтор, яке аз вазифаҳои муҳимтарини кормандони бахш на танҳо бартараф кардани оқибатҳои он, балки муайян ва бартараф кардани омилҳое мебошад, ки боиси сар задани сӯхтор мегарданд. Аз ин нуқтаи назар, дар давоми моҳ дар ҳамкорӣ бо "Ҳафтгонаи маҳалла" ва хадамоти дахлдор дар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои пешгирикунандаи "аз рӯи ҳар маҳалла" ва "аз рӯи ҳар манзил" гузаронида мешаванд,-қайд намуд Сардор Аббозов ва афзуд: - Таваҷҷӯҳи асосӣ дар ин ҷо на танҳо ба давр зада баромадани хонаҳои одамон, балки ба муайян кардани мушкилоти мавҷуда, омӯзиши сабабҳои саар задани сӯтор ва бартараф кардани омилҳои он дар ҳар ҷое, ки вуқӯъи он имконпазир аст, равона карда шудааст. Яъне, ҳар як чораи андешидашуда ҳамчун воситаи кам кардани хатар ва наҷоти ҳаёти инсон ҳисобида мешавад.
Бино ба гуфтаи масъули дафтари матбуоти Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят дар баробари талаботи техникӣ, омили инсонӣ низ дар пешгирии сӯхтор нақши муҳим мебозад. Вай мегӯяд, бБеэҳтиётии оддӣ - беназорат гузоштани таҷҳизоти барқӣ, истифодаи нодурусти таҷҳизоти газ ё истифодаи фишанги вайроншуда метавонад боиси талафоти калон гардад. Аз ин рӯ, дар байни аҳолӣ пиёда кардани корҳои огоҳсозӣ оид ба пешгирии сӯхтор, заҳролудшавӣ аз гази карбон ва ифлосшавии ҳаво беш аз пеш вусъат пайдо кардааст.
-Муҳим аст, ки шаҳрвандон танҳо ба гуфтани "ин корро накунед" маҳдуд нашаванд. Ҳамчунин дар онҳо ҳосил намудани малакаҳои амалӣ, аз қабили чӣ гуна амал кардан дар ҳолати фавқулодда, чӣ гуна аввал худ ва дигаронро ба минтақаи бехатар кӯчонидан ва чӣ гуна бо хадамоти ёрии таъҷилӣ тамос гирифтан омӯзонида мешаванд. Ин яке аз шартҳои муҳимтарини ташаккули фарҳанги бехатарӣ мебошад,-мегӯяд Сардор Аббозов.
Гуфта мешавад, яке аз самтҳои муҳим дар доираи моҳи огоҳӣ аз сӯтор омодагии фонди манзил барои мавсими тирамоҳу зимистон мебошад. Масъули дафтари матбуоти Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят дар ин замина зирк намуд, ки санҷиши ҳолати техникии дастгоҳҳои таъминоти гармӣ, таҷҳизоти газӣ, дегҳои гармидиҳӣ, дудкашҳо ва каналҳои вентилятсия дар манзилҳо ва ҳамоҳангсозии бартарафсозии мушкилоти ошкоршуда ба нақша гирифта шудааст. Зеро як норасоии хурд, ки пеш аз оғози мавсими гармидиҳӣ муайян ва бартараф карда мешавад, метавонад аз хатари бузурге, ки баъдтар ба вуқӯъ хоҳад пайваст, одамони зиёдро наҷот бахшад.
-Аз ин рӯ, шаҳрвандон дар ҳамкорӣ бо мақомот бояд ба бехатарии манзилҳои худ бо масъулият муносибат кунанд. Ҷанбаи дигари муҳими фаъолиятҳо дар доираи моҳи огоҳӣ баланд бардоштани фарҳанги аҳолӣ дар бораи заминларзаҳо ва амалҳои минбаъда мебошад. Дар ҳолатҳои фавқулодда, ҳаёти инсон асосан аз он вобаста аст, ки ӯ то чӣ андоза зуд ба вазъият мутобиқ мешавад. Лиҳозо, тавассути семинарҳо, лексияҳо, дарсҳои мастер-классҳо ё омӯзишӣ, озмунҳо ва тақдимот омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаро бояд тақвият дод. Ин гуна чорабиниҳо аз нигоҳи ташаккули фарҳанги бехатарӣ махсусан дар байни ҷавонон аҳамияти муҳим касб менамоянд,-мегӯяд Сардор Аббозов.
-Ба назари шумо дар кадом иншоот омилҳои сар задани сӯхтор метавонад бештар бошад?
-Ин суолест, ки ҷавоби он ҳамеша мадди назари кормандони ҳолатҳои фавқулодда қарор дорад. Бояд қайд кард, ки ҳар як тарабхона, чойхона, ҷойҳои барои фароғату истироҳати мардум муқарраршуда ва амсоли он метавонанд барои сар задани сӯтор омили асосӣ ба шумор раванд. Аммо мо бо чораҳои пешгирикунанда танҳо ин ҷойҳо маҳдуд намешавем. Дар назар аст, ки дар муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар ҷойҳое, ки одамон он ҷо шабро рӯз мекунанд, чораҳои муассири пешгирикунандаро ба роҳ монем. Чунки агар дар чунин муассисаҳо сӯхтор ба амал ояд, вазъият метавонад боз ҳам мураккабтар шавад. Аз ин рӯ, риояи талаботи бехатарӣ, бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда ва назорати доимии амалҳои кормандон дар ҳолатҳои фавқулодда хеле зарур мебошад. Ғайр аз ин, гузаронидани машқҳои махсуси тактикӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар бахшҳои иқтисодӣ, иншооти иҷтимоӣ ва маҳаллаҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки донишҳои назариявиро бо корҳои амалӣ мустаҳкам кунем.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо дар ҳамин ҳол масъалаи бехатарии сӯхторро танҳо ҳамчун вазифаи мақомоти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ кардан он қадар дуруст нест. Ин масъулияти умумии ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, ҳар як роҳбари ташкилот ва ҷомеа мебошад.
-Бехатарии ҷони худи кормандони сӯхторхомӯшкун чи тавр таъмин мегардад?
-Ҳар як корманд, пеш аз ҳама, худ бояд эҳтиёткор бошад ва зимни иҷрои вазифа ҷони худро дар хатар нагузорад. Онҳо дар ин самт бо кумаки мутахассисони варзида аз тамринҳо мегузаранд ва такмили касб мекунанд. Ҷанбаҳои ҳуқуқии таъмини бехатарии онҳо низ мавҷуданд ва дар сурати зарурат аз он истифода сурат мегирад.
Сардор Аббозов дар идомаи суҳбат аз он ёдовар шуд, ки дар ҳама ҳолат беэҳтиётӣ метавонад ба ҷони инсон ва ҳатто амволе, ки дар тӯли солҳо ҷамъ шудааст, зарар расонад. Аз ин рӯ, "Моҳи огоҳӣ аз сӯхтор - моҳи тадобири фаромиллӣ"-ро на ҳамчун як чорабинии якдафъаина арзёбӣ мебояд кард, балки онро ҳамчун як раванди муҳими таблиғотӣ ва пешгирикунанда низ унвон намуд, ки тағйир додани муносибат нисбати бехатарии ҳаёти ҳаррӯзаи аҳолиро дар меҳвари худ қарор додааст.
-Ба ибораи дигар, ҳадафи асосии чорабиниҳое, ки дар доираи ин моҳи огоҳӣ дар вилояти мо амалӣ мешаванд, маҳз аз ҳамин иборат аст - пешакӣ муайян кардани хатар, пешгирӣ кардани он ва аз ҳама муҳимтар, наҷоти ҳаёти ҳар як инсон,-меафзояд масъули дафтари матбуоти Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят Сардор Аббозов.
Вай ба мисолҳое низ таваҷҷӯҳи моро ҷалб намуд, ки дар ин моҳ бевосита ба огоҳ намудани аҳолии вилоят нигаронида шудаанд. Ба гуфтаи Сардор Аббозов таҳти роҳбарии сардори Садорати ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят Б. Алимов аввал вазъияти бехатарии сӯхтор дар мактаби таҳсилоти умумии махсуси рақами 10, воқеъ дар ноҳияи Фарғона аз назар гузаронида шуд. Баъд осоишгоҳи "Чимён", яъне маконеро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дод, ки шабона низ он ҷо одамон истироҳат мекунанд. Маълум шуд, ки Б.Алимов ба кормандони идораи ҳолатҳои фавқулодда оид ба роҳҳои пешгирӣ аз вазъияти изтирорӣ маслиҳату машварат додааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.