Тағйироти баъзе нишонаҳои рӯй метавонанд аз хатари сактаи дил ва мағзи сар дарак диҳанд

Аз ин рӯ, ба пайдо шудани чунин аломатҳо бепарво будан набояд.

Баъзе тағйироте, ки дар организми инсон ба вуҷуд меоянд, метавонанд аз мушкилоти марбут ба саломатии узвҳои дохилӣ тавассути нишонаҳои зоҳирӣ хабар диҳанд. Ташаккулҳои хурди зардранге, ки дар пилки чашм ё атрофи он пайдо мешаванд, низ метавонанд яке аз чунин аломатҳо бошанд. Тадқиқоти анҷомдодаи олимони Донишгоҳи Стэнфорд нишон додааст, ки онҳо метавонанд бо хатари сактаи дил ва мағзи сар алоқаманд бошанд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи илмии «Atherosclerosis» ба  нашр расидаанд.
Сухан дар бораи ташаккулҳои зардранге меравад, ки дар тиб «ксантелазма» ном доранд ва дар атрофи чашм пайдо мешаванд. Онҳо дар натиҷаи ҷамъ шудани холестерин ва дигар моддаҳои равғанӣ дар ҳуҷайраҳо ба вуҷуд меоянд. Ксантелазма бештар дар одамоне мушоҳида мешавад, ки миқдори холестерин дар хунашон баланд аст. Аммо чунин ташаккулҳо метавонанд ҳатто дар шахсоне пайдо шаванд, ки миқдори равғанҳо дар таҳлили хун дар ҳадди меъёр қарор дорад.
Дар доираи таҳқиқот 17 ҳазору 925 нафар беморони гирифтори ксантелазма бо гурӯҳи назоратие, ки аз ҳамин миқдор нафар ва бидуни чунин ташаккулҳо иборат буд, муқоиса шуданд. Натиҷаҳо ҷолиби диққат буданд.
Дар соли аввали баъди ташхис дар 1 фоизи беморони гурӯҳи аввал сактаи дил мушоҳида шудааст. Дар гурӯҳи дуюм бошад, ин нишондиҳанда ҳамагӣ 0,35 фоизро ташкил додааст.
Фарқ дар мавриди сактаи мағзи сар низ ба қайд гирифта шудааст: 0,95 фоизи афроди гирифтори ксантелазма сактаи мағзи сарро аз сар гузаронидаанд, дар ҳоле ки миёни шахсони бидуни чунин ташаккулҳо ин нишондиҳанда 0,3 фоиз будааст. Ҳолатҳои ихтилоли кӯтоҳмуддати хунтаъминкунии мағзи сар — ҳамлаҳои гузарои ишемикӣ низ дар гурӯҳи аввал 0,6 фоиз ва дар гурӯҳи дуюм 0,19 фоизро ташкил додаанд.
Муҳим он аст, ки хатари пайдоиши оризаҳои дилу раг танҳо бо як муддати кӯтоҳ маҳдуд нашудааст. Муҳаққиқон қайд кардаанд, ки робитаи байни ксантелазма ва афзоиши ин хатар ҳатто баъди панҷ ва даҳ сол ҳам нигоҳ дошта шудааст.
Ҷанбаи дигари ҷолиби таҳқиқот он аст, ки робитаи байни ксантелазма ва хатари сактаи дилу мағзи сар новобаста аз миқдори равғанҳо, аз ҷумла холестерин дар хун, мушоҳида шудааст.
Аммо олимон аз як нуктаи муҳим ҳушдор медиҳанд: худи ташаккулҳои зардранги рӯи пилки чашм сабаби мустақими сактаи дил ё мағзи сар намешаванд. Онҳо метавонанд танҳо нишонаи зоҳирии баъзе ихтилолҳо дар организм бошанд, ки эҳтимоли пайдоиши бемориҳои дилу рагро зиёд мекунанд.
Аз ин рӯ, ба пайдо шудани чунин ташаккулҳо дар атрофи чашм бепарво будан набояд. Ин метавонад сабабе барои санҷидани миқдори холестерин дар хун, фишори шараёнӣ ва вазъи умумии низоми дилу раг бошад.
Ин таҳқиқот бори дигар як ҳақиқати муҳимро ёдрас мекунад: ҳатто тағйироте, ки дар назари аввал ночиз менамоянд, баъзан метавонанд аз хатари ҷиддитар дарак диҳанд. Аз ин рӯ, сари вақт муайян ва назорат кардани омилҳои хавф аз ҷумлаи муҳимтарин роҳҳои ҳифзи саломатӣ ба шумор меравад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: