Аз Самарқанд то саҳнаҳои ҷаҳон

Адиб ва рӯзноманигор Шариф Ҳамдампур яке аз чеҳраҳои шинохтаи фазои фарҳангӣ ва иттилоотии Тоҷикистони бародарӣ буда, китобҳои «Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин», «Президент. Тафсилоти як сафари пурхатар», «Сингапур», «Достони писари муаллим» ва ғайра ба қалами ӯ мансубанд.

Чанде пеш дар нашриёти «Тоҷикистон» асари ӯ бо номи «Агар...» аз чоп баромад, ки ба фарзанди фарзонаи Самарқанд Толибхон Шаҳидӣ ва падари бузургвори ӯ бахшида шудааст.

Суҳбати имрӯзаи мо бо ин нависанда бахшида ба тафсилоти таърихи офарида шудани ин китоб баргузор гардид.

– Устоди арҷманд, чанде пеш дар нашриёти «Тоҷикистон»  боз як китоби шумо  «Агар...» рӯйи чопро дид, ки ба  таърихи Самарқанд, бастакори барҷаста Зиёдулло  Шаҳидӣ ва писари ӯ Толиб Шаҳидӣ бахшида шудааст.  Сабаб чӣ буд, ки маҳз  аз ҳаёти ин ду марди шарифу бузург асари безавол, пурмӯҳтаво, хонданибоб   офаридед?

– Пеш аз ҳама, мехоҳам як нуктаро таъкид кунам: «Агар…» танҳо зиндагиномаи ду бастакор нест. Ҳангоми навиштани китоб ман кӯшиш кардам, ки тавассути сарнавишти падару писар Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ, як давраи бисёр муҳим ва пур аз таҳаввулоти фарҳанги тоҷик, бахусус роҳи ташаккул ва рушди мусиқии касбӣ ва симфонии моро нишон диҳам.

Сабаби рӯ оварданам ба зиндагии ин ду шахсияти бузург дар он буд, ки сарнавишти онҳо пайванди ногусастанӣ бо роҳи тайкардаи фарҳанги тоҷикон дорад.

Зиёдулло Шаҳидӣ аз муҳите ба Душанбе омад, ки дар он шеъру мусиқӣ, мақому тарона ва суннатҳои ҳазорсолаи мо зинда буданд. Аммо  бузургии ӯ дар он буд, ки дар доираи ин суннатҳо маҳдуд намонд. Ӯ тавонист рӯҳи мусиқии миллиро бо имкониятҳои мусиқии касбии ҷаҳонӣ пайванд диҳад ва дар ташаккули мактаби нави бастакории тоҷик саҳми бунёдӣ гузорад.

Толибхон Шаҳидӣ ин роҳро идома дод, вале танҳо идомадиҳандаи роҳи падар намонд. Ӯ ҷаҳони эҷодии хоси худро сохт. Дар мусиқии ӯ Шарқу Ғарб, суннат ва навоварӣ, оҳанги миллӣ ва тафаккури муосири симфонӣ ба ҳам меоянд. Асарҳои ӯ дар саҳнаҳои гуногуни ҷаҳон садо додаанд ва аз ҳамин роҳ садои фарҳанги тоҷикро ба гӯши шунавандаи берун низ расондаанд.

– Барои ман ҳамчун рӯзноманигор ва нависанда як масъалаи дигар ҳам хеле ҷолиб буд: дар паси ин мусиқӣ чӣ гуна инсонҳо истодаанд?

– Мо одатан асари бастакорро мешунавем, номашро медонем, унвонҳояшро мехонем. Аммо роҳи камолотро намебинем. Намедонем, ки пушти як симфония чӣ қадар ҷустуҷӯ, ранҷ, шубҳа, умед, муҳаббат, танҳоӣ ва муборизаи эҷодӣ ниҳон аст. Ман хостам дар «Агар…» на танҳо Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидии бастакор, балки Зиёдулло ва Толибхони инсонро низ пеши назари хонанда нишон диҳам.

– Кас баъди мутолиа ба хулоса меояд, барҳақ тавассути сулола  низ фарҳанг, санъат аз гузашта ба имрӯз пули маънавӣ месозад.

– Бале, ин яке аз ғояҳои меҳварии «Агар…» аст. Ман ҳам ҳангоми кор рӯйи китоб ҳар қадар бештар ба сарнавишти хонадони Шаҳидиҳо ворид мешудам, ҳамон қадар равшантар эҳсос мекардам, ки фарҳанг танҳо тавассути китобу осор не, тавассути инсонҳо ва пайванди наслҳо низ зинда мемонад.

Сулола дар фарҳанг танҳо пайванди хунӣ нест. Агар фарзанд танҳо номи падарро мерос гирад, ҳанӯз сулолаи эҷодӣ ба вуҷуд намеояд. Сулолаи фарҳангӣ замоне шакл мегирад, ки аз як насл ба насли дигар ҷаҳонбинӣ, завқи зебоишиносӣ, масъулият дар назди ҳунар ва, муҳимтар аз ҳама, эҳсоси қарз дар назди фарҳанги миллӣ интиқол ёбад.

–  Дар китоб хеле факту далелҳои  раднопазир оварда шудааст, ки шумо чӣ тавр онҳоро ҷамъ оварда, ба маврид истифода  бурдед?

– Барои ман ҳамчун рӯзноманигор як принсип ҳамеша муҳим буд: агар асар ба зиндагии шахсиятҳои воқеӣ ва як давраи муайяни таърихӣ дахл кунад, хаёл набояд ҷойи ҳақиқатро гирад. Бинобар ин, ҳангоми навиштани «Агар…» кӯшиш кардам, ки ҳар воқеаи муҳим, ҳар сана, ҳар марҳилаи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии қаҳрамонон то ҳадди имкон ба манбаи боэътимод такя кунад.

Ҷамъоварии мавод кори якрӯза набуд. Ман аз сарчашмаҳои гуногун истифода кардам: асноду маводи бойгонӣ, матбуоти солҳои гуногун, китобу мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ, барномаҳои консертӣ, маълумот вобаста ба асарҳо ва намоишҳои онҳо, аксҳо, номаҳо, дастхатҳо ва дигар маводи марбут ба зиндагии Зиёдулло ва Толибхон Шаҳидӣ.

Аммо барои ман танҳо санади хаттӣ кофӣ набуд. Қисмати хеле муҳими мавод аз суҳбатҳои тӯлонӣ бо худи Толибхон Шаҳидӣ, ҳамсари ӯ Гулсифат Шаҳидӣ, фарзандонашон Табриз, Ҳофиз, Фирдавсхон,  аъзои хонавода, ҳамкорон, ҳамсабақон, шогирдон ва шахсоне, ки шоҳиди ин ё он воқеа будаанд, ба даст омад. Баъзан як воқеаро аз чанд нафар мепурсидам, нақлҳоро бо ҳам муқоиса мекардам ва танҳо баъди мутмаин шудан онро ба матн ворид менамудам.

– Мегӯянд, ки «сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз  хуни  ҷигар кам шавад». Шояд ҳангоми навиштани асари мазкур муаммоҳои сарбаста, шабзиндадорӣ, ҷустуҷӯйи эҷодӣ низ буданд.

– Бале, ин таъбир – «сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз хуни ҷигар кам шавад» моҳияти кори эҷодиро хеле дақиқ ифода мекунад. Китобе, ки осон навишта мешавад, на ҳамеша осон ба дили хонанда роҳ меёбад. «Агар…» низ барои ман аз ҷумлаи асарҳое буд, ки ҳар фаслу ҳар саҳифааш ҷустуҷӯ, андеша ва масъулият мехост.

Мушкили асосӣ ҳатто дар ҷамъоварии мавод набуд. Мавод фаровон буд: санадҳо, хотираҳо, суҳбатҳо, воқеаҳои таърихӣ, сарнавишти одамон, асарҳои мусиқӣ, сафарҳо, муваффақиятҳо... Мушкилоти аслӣ ин буд, ки чӣ гуна ин ҳама маълумотро ба асари зинда табдил диҳам. Чӣ гуна китобе нависам, ки ҳам ба ҳақиқати зиндагӣ содиқ монад ва ҳам хонандаро аз саҳифаи аввал то охир бо худ кашад.

Шабзиндадориҳо, албатта, зиёд буданд. Баъзан як саҳифа навишта мешуду рӯзи дигар онро аз нав менавиштам. Гоҳе барои дақиқ кардани як сана, як воқеа ё ҳатто як ҷумла соатҳо қалам суфта мекардам.  Баъзан матн аз нигоҳи факт дуруст буд, аммо «ҷон» надошт. Он гоҳ маҷбур мешудам боз ба қаҳрамон, ба муҳит, ба мусиқии ӯ баргардам ва бипурсам: ман ин ҷо танҳо воқеаро нақл карда истодаам ё хонанда метавонад онро эҳсос ҳам кунад?

Мушкилии дигари хос худи мусиқӣ буд. Мусиқиро бо калима тасвир кардан кори осон нест. Нависанда ранг, чеҳра, манзара ва ҳаракатро тасвир карда метавонад, аммо чӣ гуна садои оркестр, сукут миёни ду нота ё ҳолати рӯҳии инсонро ҳангоми шунидани симфония ба калима табдил диҳад? Ман намехостам китоб пур аз истилоҳоти махсуси мусиқӣ шавад ва хонандаи одиро хаста кунад. Мехостам ҳатто касе, ки аз назарияи мусиқӣ огоҳии зиёд надорад, ҷаҳони Шаҳидиҳоро эҳсос намояд.

Аз ин рӯ, он «қатраҳои хуни ҷигар», шабзиндадориҳо ва ҷустуҷӯҳо барои ман беҳуда набуданд. Агар хонанда ҳангоми мутолиаи асар лаҳзае фаромӯш кунад, ки китоб мехонад, қаҳрамононро зинда эҳсос намояд ва баъди бастани саҳифаи охирин хоҳиши шунидани мусиқии Шаҳидиҳо дар дилаш пайдо шавад, пас ҳамаи он шабҳои бедорӣ арзиш доштаанд.

Имрӯз он хӯшаҳои пароканда ба як хирман табдил ёфтаанд.
 

 Мусоҳиб Зоҳир Ҳасанзода,

 хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: