Табибон аз хатари эҳтимолии чароғҳои LED барои саломатии рӯҳӣ ҳушдор медиҳанд

Ба гуфтаи мутахассисон, нури шадиди кабуди ин гуна манбаъҳои рӯшноӣ метавонад истеҳсоли гормони мелатонинро коҳиш диҳад.

Гурӯҳи байналмилалии равонпизишкон таҳти роҳбарии Мактаби тиббии Файнберги Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чикаго аз таъсири эҳтимолии чароғҳои диодии рӯшноӣ (LED) ба саломатии рӯҳии инсон ҳушдор додааст. Ба андешаи мутахассисон, нури шадиди кабуди ин манбаъҳо истеҳсоли гормони мелатонинро коҳиш медиҳад. Ин ҳолат метавонад ритми сиркадиро ба таври ҷиддӣ халалдор карда, дар баъзе афроди гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ҳолати манияро ба вуҷуд орад. Дар ин бора The Straits Times хабар додааст.
Дар даҳсолаҳои охир бисёре аз шаҳрҳои ҷаҳон бо ҳадафи коҳиш додани партовҳои карбон чароғҳои анъанавии кӯчаҳоро, ки бо натрий кор мекунанд, бо низомҳои равшанидиҳии каммасрафи LED иваз карданд. Аммо дар баробари самаранокии экологӣ, масъалаи таъсири эҳтимолии манфии нури спектри кабуд ба организми инсон низ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар солҳои 1990-ум дар шабакаи чашм фотопигменте бо номи меланопсин кашф шуд. Он махсусан ба нури кабуд ҳассос буда, дар мутобиқ кардани соати биологии дохилии организм нақши муҳим дорад. Нури кабуди чароғҳои кӯча ва экранҳои смартфон метавонад ба мағзи сар сигнал диҳад, ки гӯё ҳанӯз рӯз аст. Дар натиҷа, сатҳи ҳушёрӣ афзоиш ёфта, хоб рафтан душвор ва норасоии доимии хоб ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.
Мақолае, ки аввали соли ҷорӣ дар маҷаллаи World Journal of Biological Psychiatry нашр шуд, низ ба ин хатарҳои эҳтимолӣ таваҷҷуҳ кардааст. Олимон таъкид мекунанд, ки наврасон ва афроди гирифтори бемориҳои ҷиддии рӯҳӣ, аз ҷумла ихтилоли дуқутба, метавонанд бештар ба халалдоршавии реҷаи хоб осебпазир бошанд.
Профессори равонпизишкии клиникии Мактаби тиббии Файнберг Ҷон Готлиб қайд кардааст, ки бо густариши истифодаи смартфонҳо ин масъала метавонад ба яке аз омилҳои ҷиддии хатари саломатии ҷамъиятӣ табдил ёбад. Ба гуфтаи ӯ, чароғҳои кӯча низ комилан безарар нестанд ва дар якҷоягӣ бо равшанидиҳии сунъии шабона падидаеро, ки «ифлосшавии рӯшноӣ» ном дорад, тақвият медиҳанд.
Барои ҳифзи саломатӣ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳадди ақал 30 дақиқа пеш аз хоб истифодаи экранҳо қатъ шуда, дастгоҳҳои электронӣ аз хонаи хоб берун гузошта шаванд.
Ҳамзамон, барои афроде, ки ташхиси дақиқи бемории рӯҳӣ доранд ё ба рӯшноӣ ҳассосияти баланд нишон медиҳанд, ҳанӯз тавсияҳои махсуси тиббӣ таҳия нашудаанд. Дар айни замон олимон ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи экранҳо барои коҳиш додани таъсири спектри кабуд ва таҳияи манбаъҳои равшанидиҳии бехатару танзимшаванда барои саломатии инсон кор мебаранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: