Дар шаҳри Тошканд бо мақсади таъмини бехатарии хонандагон дар назди мактабҳо ташкили ҷойҳои махсус барои фаровардан ва гирифтани кӯдакон аз мошинҳо оғоз шуд.
Ин ташаббус аз ҷониби Маркази ташкили ҳаракати роҳ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти дахлдор амалӣ мешавад. Дар марҳилаи аввал чунин минтақаҳо назди мактаби №5 дар ноҳияи Юнусобод ва мактаби №42 дар ноҳияи Шайхонтоҳур ташкил гардиданд.
Дар ин ҷойҳо барои таваққуфи кӯтоҳмуддати мошинҳо аломатҳои дахлдори роҳ насб шуда, хатҳои махсус кашида шудаанд.
Ин гуна минтақаҳо пеш аз ҳама барои бехатарии хонандагон пешбинӣ шудаанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки кӯдакон ҳангоми фаромадан аз мошин бевосита ба қисми ҳаракати роҳ набароянд. Ҳамзамон, таваққуфи бетартибонаи мошинҳо дар назди мактабҳо коҳиш ёфта, ҳаракати нақлиёт дар соатҳои оғози дарс ва баъди анҷоми он ба низом дароварда мешавад.
Минтақаҳои махсус инчунин ба волидон имкон медиҳанд, ки фарзандони худро дар ҷойи муайяншуда бехатар фароранд ё гирифта баранд ва ба ҳаракати пиёдагардон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал нарасонанд.
Айни ҳол дар назди дигар мактабҳои пойтахт низ барои ташкили чунин минтақаҳо корҳои зарурӣ идома доранд.