Барои таъхири парвозҳо ба мусофирон ҷубронпулӣ пардохт мешавад?

Дар нимсолаи аввали соли 2026 шумораи муроҷиатҳои истеъмолкунандагон вобаста ба хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 баробар афзуда, аз 300 адад гузашт.

Ба иттилои Кумитаи рақобат, дар муроҷиатҳо ҳолатҳои чанд соат ба таъхир афтодани парвозҳо, сари вақт пешниҳод нашудани маълумоти дақиқ ба мусофирон, паст будани сифати хизматрасонӣ ва ситонидани маблағ барои хизматҳое, ки воқеан пешниҳод нашудаанд, зикр шудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми ба таъхир афтодани парвоз бо гуноҳи ширкати ҳавопаймоӣ ба мусофирон ҷубронпулӣ ё роҳи ҳалли алтернативӣ пешниҳод нашудааст. Ин ҳолат ба вақт, маблағ ва нақшаҳои шаҳрвандон таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Бо ин мақсад Кумитаи рақобат масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ба мусофирон дар ҳолати бо гуноҳи ширкати ҳавопаймоӣ ба таъхир афтодани парвозҳои дохилӣ, инчунин риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро дар асоси маълумоти манбаъҳои кушода меомӯзад.
Кумита аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ талаб кардааст, ки маълумоти дар платформаҳои рақамии худ ҷойгиршударо пурра пешниҳод намуда, онро ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ созанд.
Шаҳрвандон низ метавонанд оид ба ин соҳа пешниҳод ва эродҳои худро ба Кумитаи рақобат ирсол намоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: