Мерганҳои Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиб шуданд

  • Мерганҳои Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиб шуданд
  • Мерганҳои Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиб шуданд
  • Мерганҳои Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиб шуданд
  • Мерганҳои Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиб шуданд
  • Мерганҳои Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиб шуданд

Мусобиқа бо иштироки 28 дастаи мерганон аз 8 кишвар баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби мерганони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, мақоми аввалро ба даст овард. Дар ин бора Департаменти иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиа хабар дод.
Рӯзҳои 3–10 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Гванҷуи вилояти Кёнгги бо ташаббуси Фармондеҳии неруҳои амалиёти махсуси Артиши Корея «III Мусобиқаи байналмилалии мерганҳо» баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон бори сеюм дар ин мусобиқа иштирок кард.
Дар мусобиқа аз 8 кишвар 28 дастаи мерганон ширкат варзиданд. Аз ҷумла, Ӯзбекистон бо 3 даста, Амороти Муттаҳидаи Араб бо 2, Ветнам бо 3, Муғулистон бо 2, Туркия, Камбоҷа ва Қазоқистон ҳар кадом бо якдастаӣ ва Кореяи Ҷанубӣ бо 15 даста иштирок карданд. Намояндагони жандармерияи Миср ва Туркия низ ба ҳайси нозир ҳузур доштанд.
Барномаи мусобиқа аз 20 марҳилаи махсуси тактикӣ иборат буда, онҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона баргузор шуданд. Иштирокдорон бояд бо истифода аз таппонча, автомат ва силоҳи мерганӣ дар шароити шаҳр, кӯҳ ва ҷангал ба нишонҳо дар масофаҳои гуногун дақиқ тир мепаронданд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими мусобиқаи имсола он буд, ки ҳеҷ кадоме аз машқҳои тирандозӣ ба машқҳои соли гузашта монанд набуд. Шартҳо ва қоидаҳои иҷрои машқҳо то оғози онҳо ба иштирокдорон ошкор карда намешуданд. Ҳамчунин, 40 фоизи нишонҳои мусобиқа аз нишонҳои ҳаракаткунанда ва дронҳои парвозкунанда иборат буд.
Ҳадафи асосии мусобиқа санҷиши қобилияти мерганон барои нигоҳ доштани оромӣ дар майдони ҷанг, тамаркузи диққат ва тобоварӣ, инчунин арзёбии маҳорати иҷрои вазифаҳо дар шароити фишори шадид, ҳам рӯзона ва ҳам шабона буд.
Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ, дастаи Ӯзбекистон дар байни 13 дастаи мерганони кишварҳои хориҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд:

Мақоми I — Ӯзбекистон — 678,4 хол
Мақоми II — Ветнам — 666,6 хол
Мақоми III — Туркия — 471,1 хол


Қобили зикр аст, ки дастаи иборат аз хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон соли 2024 дар ин мусобиқа мақоми дуюм ва соли 2025 мақоми аввалро ба даст оварда буд.
Ғолибони мусобиқа имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов бо тантана истиқбол гирифта мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: