Кори хубу номи нек

ё худ мактабе, ки таърихи он ба омӯхтан меарзад

Ҳар кӣ инҳоро бидонад, оқил аст,
В-он кӣ инҳо кор бандад, комил аст.
 
Тарбияи ҷавонон масъалаи хеле муҳими ҳаёти ҳаррӯзаи инсонӣ аст. Зеро аз он рӯзе, ки инсоният қадамҳои аввалини худро рӯйи замин гузошт, рӯ ба беҳбудии рӯзгору тарбияи ҷавонону кӯдакон ниҳод. Падару модар аввалин устодони комили маънавияту маърифати ҷавононанд. Фарзанди соҳибтарбияю соҳибилм мақсаду орзуи ҳар як падару модар аст. Таърих гувоҳ аст, ки боиси ҳамин тарбияи хуб буд, ки гузаштагони мо ба бузургӣ расида, илму ирфонро дар рӯйи замин шуҳратёр намуданд, риёзиёту нуҷумро асос гузоштанд, илми тибро ба дараҷаи омӯзиши умум расонидаанд. Ҳазорҳо сол гузарад ҳам, ҳаёти шахсони барнодили ҷамъият ва фаъолияти пурсамари онҳо аз саҳифаҳои таърих асло фаромӯш нахоҳад шуд. Барҳақ, фаъолияту роҳи ҳаёти онҳо ҳамеша ба дигарон мактаби омӯзиш аст. Бузургон фармудаанд:
Шамъ агар оташ набинад,
аз куҷо равшан шавад,
Одамӣ одам набинад,
аз куҷо одам шавад.
Дар гузашта мадрасаҳову дар замони имрӯза мактабҳо барои таълиму тарбияи наврасон мақому мартабаи алоҳида доштанду доранд. Яке аз ҳамин гуна мактабҳо, ки таърихи зиёда аз 107-соларо дорост, мактаби миёнаи ҳамагонии рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд аст.
Дар рафти ин солҳо мактаб барои таълиму тарбияи наврасон фаъолияти худро хуб ба роҳ гузошта, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Аз он маълумотҳое, ки яке аз сарварони мактаб Насимхоҷа Маҳмудов дар китоби «Даргоҳи муқаддаси фарҳанг» овардаанд, равшан гувоҳӣ медиҳад, ки дар мактаб омӯзгорони салиқадору фидокор софдилона меҳнат карда, барои рушду камоли тарбияи наврасон заҳмат кашидаанд. Бино бар маълумоти  Насимхоҷа Маҳмудов як гурӯҳ маорифпарварони деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ чун Умар Маъмурӣ, Баёнхонтӯра, Султонмаҳмудхон Давронхӯҷаев, Усмон Самеев, Абдуваҳҳоб Ҳасановҳо барои дар деҳа ташкил кардани мактаб ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат намуда, дар натиҷа бо мақсади барҳам додани бесаводӣ ва чаласаводӣ дар хонаи Баёнхонтӯра ду синф – мардона ва занона кушода шуд. Соли 1924 баъд аз эълон шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин мактаб ба мактаби чорсола табдил ёфт, ки ба он маърифатпарвар Абдулло Тоҷиев роҳбарӣ мекард. Соли 1929 мактаб ба таълимгоҳи ҳафтсола гузашт. Баъд аз қабул намудани Конститутсияи собиқ Иттифоқ мактаби миёнаи рақами 16 ҳуқуқи мактаби 10-соларо пайдо кард. Соли 1974 бо қарори комиҷроияи ноҳияи Самарқанд мактаб ба номи аввалин ташкилкунандаи он, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқ раиси хоҷагии «Ишчилар» – Усмон Самеев номгузорӣ шуд.
Дар тӯли беш аз як қарн чандин директор ба ин маскани зиё сарварӣ намуд. Абдулло Тоҷиев нахустин директори мактаб буда, солҳои 1937-1941 роҳбарӣ кардааст.
Дар ин солҳои тӯлонӣ Бердӣ Ҳамроев, Раҳматулло Баҳриев, Раҳматҷон Исроилов, Аюб Ҳабибов, Насимхоҷа Маҳмудов, Абдурафиқ Маъруфов ва чанде дигар бомуваффақият роҳбарӣ кардаанд. Дар бисёр соҳаҳо мактаб намунаи ибрат гардид.
Соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ тибқи Қарори Президент аз 26-ноябри соли 2019 «Дар бораи чораву тадбирҳои зарурии ташкил намудани «Мактабҳои замонавӣ» мактаби мазкур бо сертификати мақоми дараҷаи III «Мактаби замонавӣ» тақдир карда шуд. Мактаби мазкурро хонандагони сершумор хатм карда, ба халқу Ватани худ хидматҳои шоиста кардаанд. Аз онҳо Умарқул Усмонов – ҳуқуқшинос, Аҳтам Аббосов – таърихшинос, Бердӣ Ҳамроев – шоир ва омӯзгор, Акбар Усмонов – рӯзноманигори бомаҳорат...
Таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монда шавад, ҷамъият пеш меравад.
 
Фарида Аҳмад,
Аълочии таълими
халқи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: