Узви нави иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон

Директори мактаби таълими ҳамагонии рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, барандаи нишонҳои сарисинагии «30-солагии Истиқлоли Ӯзбекистон» ва «Ибратли оила», муаллифи якчанд китоби шеърию насрӣ – Саодат Сангинова (Сатторӣ), ки чанде пеш узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардида буд, ба қарибӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуд.

Шеъру ҳикояҳои пурмуҳтавои ӯ, аз ҷумла, тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» низ ба дасти хонандагон мерасанд. Адиби омӯзгорро ба ин муносибат, яъне пазируфта шуданаш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, самимона табрик мегӯем.

Чанде қабл мо чанд ғазалу қатраи тозаи Саодат Сангиноваро дастрас намудем. Инак, хонандагони гиромиқадр, онҳоро барои баҳрабардорӣ ба шумо пешкаш менамоем. Бигузор, сафи чунин омӯзгорони эҷодкор рӯз аз рӯз зиёд шавад.

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАРИ

 «ОВОЗИ ТОҶИК».

Саодат САНГИНОВА

МАКТАБ

Манбаи нури ҳақиқат мактаб аст,

Маъдани файзи фазилат мактаб аст.

Мекушояд дидаи ҳар кӯрро,

Мабдаи чашми басират мактаб аст.

Гар касе хоҳад шавад машҳури даҳр,

Донад ӯ, покии тинат мактаб аст.

То биёбад ҳар нафар роҳи наҷот,

Ҷисму ҷонро зебу зинат мактаб аст.

Дар ҷаҳон чун Бӯлаҳаб ҷоҳил мабош,

Махзани илми тариқат мактаб аст.

Сурати зебо Саодат, даргузар,

Кибриёи ҳусни сират мактаб аст.

ВАТАН

Аз остон то осмон дору надори ман Ватан,

Дар пастиҳои зиндагӣ авҷу барори ман Ватан.

Азбаски  дар ин сарзамин сидқу сафо бишнохтам,

Пайванди қалбу ҷону рӯҳ, оинадори ман Ватан.

Андар машоми ҷони ман бӯйи замин бахшидаӣ

Сарманзили гулҳои тар, доимбаҳори ман Ватан.

Ҷисми маро шому саҳар парвардӣ дар домони худ,

Аз ин сабаб чун модари шабзиндадори ман Ватан.

Бишкуфт гулҳои умед дар бӯстони орзу,

Бошад ту гӯӣ қалби ман паҳнои гулзори Ватан.

Чун сурма мемолам ба чашм хоки маҳинаш доимо,

Некӯст аз гулбоғи ғайр моро сари хори Ватан.

Аз ҳар тараф сӯяш дароз дасти рафоқат, дӯстӣ,

Файзи Худованд мечакад ҳар ҷо зи девори Ватан.

Дар ин ҷаҳон кай ёбӣ ту мисли Саодат бошараф,

Чун ифтихори ӯ бувад номусу ҳам ори ман, Ватан.

СЕ ҚАТРА

Имшаб чӣ кунам, хароб шуд ин дили ман,

Як лаҳза пуризтироб шуд ин дили ман,

Ёрон, хабаре ба бод гӯед, барад:

Дар оташи ғам кабоб шуд ин дили ман.

                               ***

Аз тасаллои дурӯғин дард беҳ

В-аз хаёли хоми олам гард беҳ.

Дӯст гар номард бошад, пас аз ӯ

Душмани номеҳрубони мард беҳ.

                               ***

Маро гоҳе зиёрат мекунӣ, дӯст,

Ба дидорам қаноат мекунӣ, дӯст.

Гаҳе аз пушти сар мисли рақибе,

Чаро бар ман хиёнат мекунӣ, дӯст?!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: