Ҳукумати Ҷопон аз масъулони сомонае, ки харитаи ҷаҳонии Equal Earth-ро нашр кардааст, хостори ислоҳи он шуд. Токио таъкид мекунад, ки дар харита қаламрави Русия ва чаҳор ҷазираи мавриди баҳс миёни Ҷопону Русия бо як ранг нишон дода шудаанд.
Роҳбари дастгоҳи Сарвазири Ҷопон Кихара Минору гуфт, ки тавассути Сафорати Ҷопон дар Иёлоти Муттаҳида ба оператори сомонае, ки харита дар он ҷойгир шудааст, муроҷиат фиристода шудааст.
«Дар харита тасвирҳое ҷой доранд, ки ба мавқеи ҳукумати Ҷопон мувофиқат намекунанд. Мо бояд аз паҳн шудани тасаввуроти нодуруст дар бораи қаламрав ва номҳои ҷуғрофии кишварамон пешгирӣ кунем», — гуфт Кихара.
Ҷазираҳои дар харита нишон додашуда, ки Ҷопон онҳоро «Ҳудудҳои шимолӣ» меномад, ҳоло таҳти назорати Русия қарор доранд. Ҳамзамон, онҳо мавзӯи даъвоҳои ҳудудии Ҷопон мебошанд. Ҳукумати Ҷопон ин ҷазираҳоро қаламрави таърихии худ медонад.
Проексияи картографии Equal Earth бо он фарқ мекунад, ки масоҳати қитъаҳои гуногунро нисбатан дақиқ нишон медиҳад. Аввали ҳамин моҳ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки дар он истифодаи харитаҳои бар асоси ин проексия таҳияшуда ташвиқ карда мешавад.