Президент Шавкат Мирзиёев аз корхонаи истеҳсоли дорувории «RomPharm NS» боздид ба амал овард.
Қарори роҳбари давлат аз 28 январи соли 2025 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди босуръати соҳаи дорусозӣ» ба густариши имкониятҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳа мусоидат менамояд.
Дар корхонаи истеҳсоли дорувории «RomPharm NS», ки дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд фаъолият дорад, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Мақсади асосии корхона таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати фармасевтӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли дорувории ивазкунандаи воридот мебошад. Дар оянда ба 1 миллиард адад ҳаб, 500 миллион дона капсула ва 120 миллион адад саше расонидани иқтидори солонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Корхона бо силсилаи пурраи истеҳсолӣ ва лабораторияи назоратии худ, ки бар асоси стандартҳои GMP-и Иттиҳоди Аврупо ташкил гардидааст, яке аз аввалин маҷмааҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Арзиши умумии лоиҳа 45 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар корхона, ки 1,7 гектар майдон дорад, 150 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. 90 дарсади равандҳои истеҳсолӣ автоматӣ кунонида шудаанд. Таҷҳизоти муосир аз Италия, Олмон, Австрия, ИМА, Швейтсария ва Булғористон оварда шудаанд.
Маҳсулоте, ки дар ин ҷо истеҳсол мешаванд, пурра ба иваз намудани маҳсулоти воридотӣ равона мешаванд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли доруворие, ки дар самтҳои неврология, кардиология, равандҳои мубодилаи моддаҳо ва муолиҷаи зиддиилтиҳобӣ истифода мешаванд, нигаронида шудааст.
Президенти мамлакат зимни боздид аз фаъолияти корхона таъкид намуд, ки васеъ намудани иқтидорҳо бар пояи технологияҳои муосир ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати фармасевтӣ муҳим мебошад. Гуфта шуд, ки мақсади асосӣ коҳиш додани вобастагӣ аз воридот ва офаридани ҷойҳои нави корӣ дар соҳа мебошад.
Дар ҳамин ҷо ба Президент нақшаҳои дурнамои фаъолияти корхона низ муаррифӣ карда шуд.