Президент Шавкат Мирзиёев бо корҳои ободонӣ ва шароите, ки дар маҳаллаи Қичқириқи ноҳияи Олмазори пойтахт барои аҳолӣ фароҳам гардидааст, шинос шуд.
Дар ин маҳалла, ки аз таъсисаш беш аз сӣ сол сипарӣ шудааст, 23 бинои бисёрошёна ҷойгир аст. Дар 1 ҳазору 416 хонадон беш аз 5 ҳазору 400 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд.
Дар натиҷаи дигаргуниҳое, ки дар асоси қарори Президент аз 25 июни соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ободонӣ, кабудизоркунӣ ва куллан беҳтар намудани симои маҳаллаҳо» амалӣ гардиданд, алҳол маҳалла симои комилан нав касб кардааст.
Барои ин лоиҳа дар доираи барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» аз буҷети маҳаллӣ 71,4 миллиард сӯм маблағ равона гардид. Дар натиҷа, минтақа ба маҳаллаи воқеан экологие табдил ёфт, ки дар худ муҳити муосири шаҳрсозии «сабз»-ро таҷассум намудааст.
Яке аз муҳимтарин навгониҳо бунёди сайргоҳ дар соҳили канали Қичқириқ мебошад. Дарозии он 2,4 километрро ташкил медиҳад. Минтақаи соҳили об ба макони бароҳату тозае табдил ёфтааст, ки сокинон шабу рӯз метавонанд истироҳат кунанд.
Дар ин ҷо ба масофаи 12,4 километр роҳи пиёдагард бунёд гардида, майдони иловагии сабз ташкил карда шудааст. Дар болои ҳавза айвони бошукӯҳ, 14 айвончаи истироҳатӣ, чархофалак ва фаввораҳо сохта шудаанд.
Алҳол дар маҳалла қариб 6,5 ҳазор дарахти манзаравӣ ва мевадиҳанда парвариш карда мешавад. Намуди берунии биноҳои истиқоматӣ низ навсозӣ шудааст. Барои истироҳати аҳолӣ садҳо курсӣ ва чароғҳои равшанидиҳанда насб гардидаанд.
Дар ин ҷо барои ҷавонон низ шароит фароҳам шудааст. 12 майдончаи воркаут ва 3 майдони футбол бунёд гардида, китобхонаҳо ба истифода супорида шудаанд.
Соҳибкорӣ низ босуръат рушд ёфта, 47 субъекти соҳибкорӣ фаъолият мебарад. Аз ҳисоби лоиҳаҳои нав 61 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Роҳбари давлат дар ҳамин ҷо ба масъулон бинобар таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ дастуру супоришҳо дод.
Дар маҳаллаи Қичқириқ низ дар ин самт низоми ба худ хос роҳандозӣ мешавад.
Масалан, сокини маҳалла Гулнора Ғойипова фаъолияти маҳфили кулолгарӣ ва коргоҳи бофандагиро ба роҳ мондааст. Ба ин ҷо ҷавонон ва занони бекори маҳалла ҷалб шуда, дар асоси анъанаи «Усто-шогирд» ҳунар меомӯзанд.
Инчунин, дар минтақа яке аз аввалин таваққуфгоҳҳои муосири бисёрошёнаи манорашакли автомобилӣ дар ҷумҳурӣ насб гардид. Ин иншооти 8-ошёна дар асоси тамоюли лифт фаъолият мекунад. Лифти марказ автомобилро қабул намуда, онро ба ҷойҳои холии тарафи рост ва чап ҷойгир менамояд. Дар натиҷа, дар замини хурде, ки танҳо як ҷуфт сабукрав ҷой мешавад, имкони нигоҳдории 16 автомобил фароҳам гардид.
Ғайр аз ин, бо мақсади ташкили фароғати фарҳангӣ, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва муттаҳид намудани аҳолии маҳалла амфитеатри муносиб низ бунёд гардидааст.
Дар ду ташкилоти давлатии таълими томактабии мавҷудаи ҳудуд низ корҳои васеи сохтмонӣ ва таҷдид идома доранд.
Роҳбари давлат бо шароите, ки дар яке аз ин муассисаҳо – кӯдакистони рақами 441 фароҳам шудааст, низ шинос шуд.
Ин муассиса соли 1976 сохта шуда, ҳудуди он куллан васеъ гардидааст. Дар майдони бекорхобидаи муассиса ду бинои нави дорои 450 ҷой бунёд гардид. Дар натиҷа, иқтидори умумии кӯдакистон ба 835 ҷой расонида шуд.
Дар муассиса ба саломатии кӯдакон диққати махсус дода шудааст. Бо мақсади таҳкими масунияти кӯдакон ва пешгирии бемориҳои роҳҳои нафас ҳуҷраи махсуси намак ташкил гардидааст.
Илова бар ин, барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон аз рӯйи забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот ва таэквондо фаъолияти маҳфилҳои иловагӣ роҳандозӣ мешаванд.
Ба Президент дар бораи имкониятҳои платформаи махсуси интерактивии «Забони ӯзбекиро тавассути бозӣ меомӯзем», ки барои кӯдакон созмон ёфтааст, маълумот дода шуд.
Ин платформаи махсуси интерактивӣ барои забони давлатиро тавассути бозиҳои ҷолиб ва технологияҳои рақамӣ осон омӯхтани кӯдакон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар раванди машғулиятҳо барои ташаккули тафаккури мустақил, малакаҳои ҳаётӣ ва шинос намудани кӯдакон бо касбу ҳунарҳо низ аз платформа истифода намудан мумкин аст.
Инчунин, бо фаъолияти маҳфили бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки дар кӯдакистон ташкил шудааст, шинос шуданд. Таъкид гардид, ки паҳн намудани фаъолияти чунин маҳфилҳо дар дигар муассисаҳои таълими томактабӣ ва аз синни томактабӣ ба кӯдакон омӯзонидани маданияти бехатарии ҳаракат дар роҳ муҳим мебошад.