Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Тошканд, афзунсозии сармоягузорӣ ва таъмини шуғл, инчунин ташкили инфрасохтори муосир дар маҳаллаҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби кунунӣ пурра ба кор даровардани имкониятҳои мавҷудаи ҳар як ноҳия ва маҳалла, роҳандозии равишҳои нав ҷиҳати арзиши иловашуда, ҷалби сармоягузорӣ ва зиёд кардани ҷойҳои кории сердаромад зарур мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳар як ноҳияи пойтахт бояд бо назардошти иқтидор ба самтҳои мушаххаси иқтисодӣ ихтисосонида шавад.
Бахусус, дар ноҳияҳои Сергели, Янгиҳаёт ва Бектемир барои ташкили маҷмааҳои бузурги логистикӣ, дар ноҳияҳои марказӣ ҷиҳати зиёд кардани марказҳои муосири тиҷоратӣ ва молиявӣ, дар ноҳияҳои Олмазор, Чилонзор ва Учтепа бошад, барои ҷалби фаъоли сармоя ба соҳаҳои таълим, тиб, савдо ва хидматрасонӣ, мавҷудияти имкониятҳои бузург таъкид гардид.
Дар ҷамъомад самарадории низоми кор бо сармоягузорон дар шаҳри Тошканд низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Соли ҷорӣ барои 12 ноҳияи пойтахт ҷалби 9 миллиард доллар сармоя ба нақша гирифта шудааст. Қайд гардид, ки дар баъзе минтақаҳо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои муқарраршуда бояд корҳо боз ҳам суръат ёбанд.
Бинобар ин, низоми нави ҳалли масъалаҳои сармоягузорон роҳандозӣ мешавад ва онҳо бидуни аз як идора ба идораи дигар рафтан, корро дар ҷойи худ ҳал мекунанд. Масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ ҳар ҳафта ба ноҳияҳо рафта, бо соҳибкорон ва сармоягузорон мулоқот мекунанд. Аз рӯйи масъалаҳое, ки ҳалли худро дар сатҳи баланд тақозо менамоянд, худи ҳамон рӯз пешниҳодҳои асоснок ба Маъмурияти Президент ирсол карда мешаванд.
Вазифа гузошта шуд, ки барои соли оянда нақшаи мушаххаси ҷалби 10 миллиард доллар сармоя ба пойтахт ва таъсиси 150–200 ҳазор ҷойи кори доимии сердаромад таҳия карда шавад.
Дар ҷамъомад ба корҳое, ки бобати рушди маҷмӯии маҳалла ва кӯчаҳои ноҳияи Олмазор амалӣ гардидаанд, диққати махсус дода шуд. Аз аввали сол 9 кӯчаи ноҳия ба минтақаҳои ҷолиб барои тиҷорат, аҳолӣ ва сайёҳон табдил ёфт.
Бахусус, натиҷаҳои хуб ба бор овардани тағйирот дар маҳаллаи Қичқириқ таъкид гардид. Дар ҳудуде, ки қаблан инфрасохтори кофӣ надошт, кӯдакистони дорои 450 ҷой, майдончаҳои варзишӣ, сайргоҳ, амфитеатр, пайроҳаҳои пиёдагард ва фаввораҳо бунёд карда шуданд. Барои 5,5 ҳазор нафар аҳолие, ки ин ҷо зиндагӣ мекунанд, муҳити муосир ва бароҳат фароҳам гардид.
Боз дар 8 кӯчаи ноҳияи Олмазор ва дигар ноҳияҳои пойтахт низ густариш додани ин таҷриба муқаррар карда шуд. Барои навсозии ҳамаҷонибаи 100 кӯчаи шаҳри Тошканд 1 триллион сӯм ҷудо шудааст. Инчунин, барои ободонии 400 маҳалла бар асоси намунаи «Қичқириқ» барномаи чорсола ба маблағи 10 триллион сӯм таҳия карда мешавад.
Супориш шуд, ки барои рушди комплексии қисми таърихии пойтахт – ҳудуди шаҳри Кӯҳна бо ҷалби ширкатҳои хориҷӣ то 1 ноябр консепсияи ягона ва бастаи лоиҳаҳои мушаххас таҳия карда шавад.
Бо мақсади густариши имкониятҳо дар соҳаи хидматрасонӣ масъалаи истифодаи самараноки биноҳои ба идораҳои давлатӣ дахлдор низ баррасӣ гардид. Ҳоло дар Тошканд 497 бинои маъмурӣ бо масоҳати умумии 765 ҳазор метри мураббаъ мавҷуд аст. Барои ба роҳ мондани хизматрасониҳои савдо, хидматрасонӣ, тибби хусусӣ ва таълим дар майдонҳои холӣ ва ё ҷойҳое, ки бесамар истифода мешаванд, барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Таъкид гардид, ки ба ҳам пайвастани раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ бо лоиҳаҳои нави соҳибкорӣ зарур аст. Танҳо дар ноҳияи Олмазор 52 объекти давлатӣ бо арзиши 100 миллиард сӯм барои фурӯш гузошта мешаванд.
Ба масъалаи аз нуқтаи назари саломатӣ ва бароҳатии инсон ривоҷ додани муҳити шаҳрӣ низ диққати махсус дода шуд. Дар соҳили сойи маҳаллаи Қичқириқ ба масофаи 2,5 километр экосайргоҳ ва 12,5 километр роҳрави пиёдагард бунёд шудааст. Бо мақсади зиёд кардани чунин минтақаҳои сайругашт дар соҳили канал ва ҷӯйборҳои калони пойтахт, аз ҷумла, дар соҳили канали Бӯзсув ҷиҳати ташкили роҳи пиёдагардии муттасил ба масофаи 20 километр лоиҳа таҳия карда мешавад.
Дар ноҳияи Олмазор вазифа гузошта шуд, ки то охири сол аз ҳисоби ин имконот ба 300 соҳибкори нав мадад расонда шавад ва 1 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд оварда, дар миқёси пойтахт 20 ҳазор нафар аҳолиро бо кори даромаднок таъмин намоянд.
Эътибори алоҳида ба пурра роҳандозӣ намудани имконоти минтақаи саноатии 305 гектара дар маҳаллаҳои Мискин ва Иброҳимота нигаронда мешавад. Дар ин ҷо зарфият барои афзудани миқдори ҷойҳои кор аз 35 ҳазори ҳозира то 100 ҳазор, афзудани содирот то 600 миллион доллар вуҷуд дорад. Ба соҳибкорон чунин дастгоҳҳои молиявӣ мисли ипотекаи саноатӣ, кредит ва лизинг пешниҳод карда мешавад.
Ба аҳамияти тарбияи кадрҳое, ки ба эҳтиёҷи бозори меҳнат барои ҳалли масъалаҳои шуғл мутобиқанд, ишора гардид. Дар Олмазор ба корфармоён қариб 5 ҳазор мутахассиси малакаҳои мухталиф зарур мебошад.
Аз ин рӯ дар Маркази ваколатҳои касбии ноҳияи Олмазор техникум барои 400 ҷой аз рӯйи самтҳои IT ва технологияи пешқадами инноватсионӣ, дар биноҳои мавҷуда марказҳои замонавии тарбияи касбӣ таъсис дода мешаванд. Якҷоя бо Олмон курсҳои забономӯзӣ барои 500 нафар ташкил карда мешавад ва ҳамчунин лоиҳаҳо оид ба тайёрии мақсадноки ходимони тиббӣ барои Чехия ва Словакия роҳандозӣ мегарданд. Ғайр аз ин ҷалб намудани 20 ширкати калони ҷалбгардонӣ аз мамлакатҳои мутараққӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ҳудуди шаҳраки Ҷавонон дар 42 гектар кор оид ба фароҳам намудани кластери инноватсионӣ бо дарназардошти IT-парк, объектҳои баландтехнологии саноатӣ ва таълимӣ шурӯъ мегардад.
Ба масъалаи пурра ифшо намудани зарфияти таълимӣ ва илмии ноҳияи Олмазор эътибори алоҳида нигаронда шуд. Имрӯз дар ин ҷо ҳамзамон 75 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд.
Низоми ягонаи идора татбиқ мегардад, ки масъалаҳои таълим ва сукунати донишҷуён, шуғли онҳо, мадади иҷтимоӣ, фароғати маданӣ ва бехатариашонро фаро мегирад. Барои фароҳам овардани шароити муносиб барои қариб 18 ҳазор нафар ҷавонон, ки дар 41 хобгоҳи донишҷӯёни 7 муассисаи таълими олӣ сукунат доранд, маъмурияти алоҳида ташкил карда мешавад.
Низоми назорати онлайн ба хобгоҳҳои муассисаҳои олии таълимӣ даст ёфта, инчунин назорати давомоти донишҷӯён, ки аз тариқи маркази вазъияти шаҳраки донишҷӯён ба амал татбиқ мегардад, супурда шуд, ки то охири сол ба амал татбиқ гардад ва дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ амалӣ гардида, соли оянда дар тамоми муассисаҳои таълими олии мамлакат ҷорӣ карда шавад.
Вазифаҳои иловагӣ оид ба афзудани фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ низ муайян карда шуданд. Ҳоло дар ноҳияи Олмазор ин нишондод 67 фоизро ташкил менамояд. Дар асоси таҷрибаи кӯдакистони №441, ки дар он илова ба 385 ҷойи мавҷуда бинои нав барои боз 405 ҷой бунёд гардид, супурда шуд, ки то охири сол ҳадди ақалл боз панҷ чунин лоиҳа шурӯъ гардад.
Бо назардошти он ки ҳар рӯз дар пойтахт 1,5 миллион воситаи нақлиёт ҳаракат мекунад, таъкид шуд, ки ҳалли масъалаи тирбанди роҳҳо на танҳо аз ҳисоби васеъ намудани роҳҳо, балки аз тариқи татбиқ намудани низоми зеҳнии нақлиётӣ ҳал карда шавад. Вазифа гузошта шуд, ки дар ин самт кори амалӣ то охири сол шурӯъ гардад.
Дар ҷамъомад инчунин натиҷаҳои бархурди нав ба профилактикаи қоидавайронкунӣ таҳлил гардид, ки дар ноҳияи Олмазор ба амал татбиқ гаштааст.
Ҳамкории таркиби профессорону устодони Академияи ҳифзи ҳуқуқ бо муфаттишон ва ҳамчунин татбиқи низоми таълими дуалӣ барои курсантҳо ба баланд гардидани самаранокии корҳои профилактикӣ мусоидат менамоянд.
Дар натиҷа аз 64 маҳаллае, ки дар ноҳия вуҷуд дорад, дар 13-тоаш ягон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст, маҳаллае, ки вазъияти содир намудани ҷиноят мураккаб бошад, ҳоло боқӣ намондааст. Миқдори ҷинояте, ки бо иштироки занон содир мегардад, аз 22-то 10-то коҳиш ёфт. Ҳамзамон вазифа гузошта шуд, ки таҷрибаи ноҳияи Олмазор оид ба зуд коҳиш ёфтани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон тартиб дода шавад.
Идома додани кори бонизом оид ба таъмини суботнокии зерсохтори энергетикӣ ва коммуналӣ ва ҳамчунин оид ба ободонии маҳаллаҳо супурда шуд.
Таъкид ёфт, ки бархурдҳо ва вазифаҳое, ки дар мисоли ноҳия Олмазор баррасӣ гардиданд, бидуни истисно барои тамоми ноҳияҳои пойтахт актуалӣ мебошанд.
Маълумоти шахсони масъул оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда шунида шуд.