Муҳаққиқон пешниҳод доранд, ки нишонаҳои тамаддунҳои зеҳнии ғайризаминӣ на танҳо дар фазои кайҳон, балки дар хоки Моҳ низ ҷустуҷӯ карда шаванд.
Олимони Пажӯҳишгоҳи SETI-и ИМА бар ин назаранд, ки зарраҳои микроскопии боқимонда аз фаъолияти тамаддунҳои технологии қадим метавонанд миллиардҳо сол дар сатҳи Моҳ ҳифз шуда бошанд.
Тадқиқотро гурӯҳи олимон таҳти роҳбарии доктор Люис Пино анҷом додааст. Онҳо имкони ҷустуҷӯи зарраҳои хурдеро меомӯзанд, ки эҳтимол дар натиҷаи парвозҳои кайҳонӣ ё дигар фаъолияти технологӣ ба вуҷуд омадаанд ва баъдан ба сатҳи Моҳ афтодаанд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, Моҳ атмосфера, оби моеъ ва равандҳои фаъоли геологии ба Замин монанд надорад. Аз ин рӯ, ғубор ва зарраҳои аз кайҳон ба сатҳи он расида метавонанд барои муддати ниҳоят дароз ҳифз шаванд.
Агар миллиардҳо сол пеш тамаддунҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта вуҷуд дошта бошанд, эҳтимол дорад пораҳои ниҳоят хурди таҷҳизоти онҳо ё дигар осори фаъолияти технологӣ дар хоки Моҳ боқӣ монда бошанд.
Олимон чунин нишонаҳоро «техносигнатураҳо» меноманд. Тадқиқоте, ки интизор меравад дар маҷаллаи Astrobiology ба нашр расад, аз ҷумлаи корҳои аввалинест, ки имкони ҷамъшавии чунин осорро дар хоки Моҳ меомӯзад.
SETI — барномаи илмиест, ки ба ҷустуҷӯи нишонаҳои ҳаёти зеҳнии берун аз Замин равона шудааст. Муҳаққиқон даҳсолаҳо боз, аз ҷумла бо истифода аз радиотелескопҳои пуриқтидор, дар фазои кайҳон сигналҳои эҳтимолии тамаддунҳои ғайризаминӣ меҷӯянд. Аммо то имрӯз ягон сигнале, ки мансубияти он ба тамаддуни берун аз Замин ба таври дақиқ тасдиқ шуда бошад, ошкор нашудааст.