Хориҷ кардани хонанда аз мактаб ҳангоми сафар ба хориҷа пурра электронӣ шуд

Акнун хориҷ кардани хонанда аз сафи муассисаи таълимӣ бинобар рафтан ба кишвари хориҷӣ пурра ба таври электронӣ анҷом дода мешавад.

Қаблан барои анҷом додани ин раванд ба муассисаи таълимӣ ва идораҳои дахлдор муроҷиат карда, ҳуҷҷату маълумотномаҳои гуногунро ҷамъоварӣ кардан зарур буд. Акнун ин хизматрасонӣ ба Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ — my.gov.uz — ҳамгиро шуда, ба таври онлайн пешниҳод мегардад.
Аз ин хизматрасонӣ падару модар ё васии хонандаи ба синни 18-солагӣ нарасида метавонад истифода барад.
Хизматрасонӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус ва касбӣ — мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва техникумҳо дахл дорад.
Ҳангоми пешниҳоди ариза ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб карда намешаванд. Маълумоти зарурӣ тавассути низоми электронии байниидоравӣ ба таври худкор дастрас карда мешавад. Хизматрасонӣ ройгон аст.
Ариза аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ ё шаҳрӣ оид ба масъалаҳои кӯдакон дар муҳлати 5 рӯзи корӣ баррасӣ мешавад. Пас аз расидани қарори қабулшуда ба муассисаи таълимӣ, хонанда дар давоми 1 рӯзи корӣ аз сафи хонандагони муассиса дар низоми электронӣ хориҷ карда мешавад.
Барои истифода аз хизматрасонӣ бояд ба портали my.gov.uz ё замимаи мобилии MyGov ворид шуда, хизматрасонии «Хориҷ кардани хонанда аз сафи хонандагони муассисаи таълимӣ бинобар рафтан ба кишвари хориҷӣ»-ро интихоб кард. Сипас хонандаи мавриди назарро интихоб намуда, дархости электрониро пур кардан лозим аст.
Пас аз тасдиқ ва ирсоли ариза, ҳолати баррасии онро метавон тавассути кабинети шахсӣ пайгирӣ кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: