ЗАРАФШОН: дарёе, ки на танҳо зар, балки умр меафшонад

Чаро дарёи моро Зарафшон меноманд?

Ин савол солҳои зиёд маро ба андеша мебарад. Зеро ҳар қадар бештар ба сарнавишти ин дарё назар меафканам, ҳамон қадар бештар эҳсос мекунам, ки дар паси ин ном як ҷаҳон таърих, фарҳанг ва ҳикмати мардум нуҳуфтааст.
Дар сарчашмаҳои қадим он бо номҳои Заробшор, Политимет, Суғд, Матча ва дар баъзе маъхазҳо Намик низ ёд шудааст. Аммо маҳз Зарафшон номи аз ҳама бештар маъноофару рамзист.
 
Дар гузашта аз регҳои болооби ин дарё зарраҳои тилло мегирифтаанд. Мардум регро рӯйи намад рехта, онро бо об мешустанд. Рег шуста мешуду зарраҳои тило дар қабатҳои пашми намад боқӣ мемонданд. Баъзеҳо бо ҳамин усули сода соҳиби сарват мегардиданд.
Падарам Олимҷон Ори-фӣ, ки солҳои зиёд ба шогирдон аз фанҳои химия ва биология дарс мегуфтанд ва таркиби химиявии обро хуб медонистанд, низ аз ин хусус борҳо нақл мекарданд. Вале андешаи он кас аз бозёфти тило фаротар мерафт.
Мегуфтанд: «Мардуми соҳилҳои Зарафшон, ҳатто дар тангдастӣ ҳам, худро муҳтоҷ нишон додан намехостанд. Қарз пурсиданро ба худ муносиб намедонистанд ва иззати нафсашонро нигоҳ медоштанд.
Моҳҳо гӯшт нахӯрда бошанд ҳам, ҳурмати меҳмонро ба ҷо оварда, ӯро ба таври  муносиб гусел мекарданд. Барои эҳтироми меҳмон либосҳои зебову беҳтарини худро мепӯшиданд. Ҳатто гоҳе, дар хонаашон барои пухтану хӯрдан таоме набошад ҳам, дар назди мардум бо дандонковак дандон мекофтанд, то худро навакак аз сари дастархони пурнозу неъмат бархоста нишон диҳанд».
Албатта, ин андешаҳои шахсии падарам буд. Аммо, фикр мекунам, дар он нуктаи ҷолиби иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нуҳуфтааст.
Аз назари ман, маънии номи Зарафшонро танҳо бо тило шарҳ додан кофӣ нест. Он тӯли ҳазорсолаҳо ба мардум танҳо оби ҳаёт набахшидааст, балки боз манбаъи фарҳанг, маърифат ва ахлоқи наҷиб низ будааст. Агар обаш заминҳоро сарсабз гардонида бошад, рӯҳи ин дарё дилҳои сокинони ду соҳили худро аз меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, подории иззати нафс ва муҳаббат ба Ватан сероб кардааст.
Аз ин рӯ Зарафшонро метавон дарёи маърифат, дарёи фарҳанг, дарёи ахлоқу тамаддун низ номид.
То даме Зарафшон ҷорист, умед ҳаст, ки он на фақат заминҳои моро, балки рӯҳу маънавиёти моро низ ҳамеша шодоб нигоҳ хоҳад дошт.
 
Муқимҷон ОРИФӢ,
роҳбари Хона-музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: