«Ӯзгидромет» пешгӯии обу ҳаворо барои рӯзҳои 15–18 сентябр нашр кард.
Дар ҳудудҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳистонии ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Рӯзҳои 15–17 сентябр дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал омаданаш мумкин аст.
Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм. Ҳаво тағйирёбанда буда, бориш дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 10–15 дараҷа, рӯзона 15–17 сентябр 27–32 дараҷа ва 18 сентябр 29–34 дараҷа гарм мешавад.
Вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ. Ҳаво тағйирёбанда буда, бориш дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 дараҷа, рӯзона 15–16 сентябр 28–33 дараҷа ва 17–18 сентябр 30–35 дараҷа гарм мешавад.
Вилоятҳои Тошканд, Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқанд. Ҳаво тағйирёбанда мешавад, бориш дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 дараҷа ва рӯзона 28–33 дараҷа гарм мешавад.
Вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё. Ҳаво тағйирёбанда буда, бориш дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 дараҷа, рӯзона 15–16 сентябр 30–35 дараҷа ва 17–18 сентябр 32–37 дараҷа гарм мешавад.
Вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона. Ҳаво тағйирёбанда буда, бориш дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5–10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 дараҷа ва рӯзона 28–33 дараҷа гарм мешавад.
Минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳистонӣ. Ҳаво тағйирёбанда мешавад. Рӯзҳои 15–17 сентябр дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал омаданаш мумкин аст. 18 сентябр бориш дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад ва рӯзҳои 15–17 сентябр дар баъзе минтақаҳо то 13–18 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат шабона 10–15 дараҷа ва рӯзона 22–27 дараҷа гарм мешавад.