Беҳтарин лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ дар “GEOMIN AI Labs 2026” муайян шуданд

Дирӯз дар шаҳри Тошканд марҳилаи ниҳоии хакатони “GEOMIN AI Labs 2026” баргузор гардид.

Чорабинӣ ба истифодаи технологияҳои таҳлили маълумот (Data Science) ва зеҳни сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои амалии соҳаи кӯҳкорӣ ва геология бахшида шуд.
Хакатон дар доираи конфронси байналмилалии “GEOMIN-2026”, ки бо дастгирии Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон ва Ҷамъияти байналмилалии геофизикҳо (SEG) баргузор мешавад, ташкил гардид. Ширкати “SLB” ҳамчун шарики технологии ин чорабинӣ баромад кард.
Хакатон дар чанд марҳила баргузор шуда, дар он беш аз 60 донишҷӯ ва мутахассиси ҷавоне, ки дар Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, иштирок намуданд. Пас аз марҳилаи интихобӣ 10 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, лоиҳаҳои худро ба ҳайати ҳакамон, ки аз коршиносон иборат буд, пешниҳод карданд.
Иштирокчиён рӯйи чаҳор масъалаи амалӣ кор карданд. Аз ҷумла, барои муайян кардани конҳои ояндадори руҳ, пешгӯии миқдори тилло, арзёбии ҳарорати қаъри замин барои истифода дар энергетикаи геотермалӣ, инчунин коҳиш додани хавфҳои экологӣ дар саноати кӯҳӣ бо истифода аз усулҳои омӯзиши мошинӣ роҳҳалҳо таҳия гардиданд.
Дар марҳилаи ниҳоӣ иштирокчиён моделҳо ва натиҷаҳои таҳқиқоти худро муаррифӣ намуда, имкони истифодаи амалии таҳияҳои худро нишон доданд.
Бар асоси қарори ҳайати ҳакамон, донишҷӯи Донишгоҳи илмҳои геология Зиёда Минаварова сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюмро донишҷӯи филиали Олмалиқи Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии “MISiS” Диёра Каримова ва ҷойи сеюмро донишҷӯи Донишкадаи давлатии техникии Олмалиқ Темиралӣ Содиқов соҳиб шуданд.
Зиёда Минаварова пас аз пирӯзӣ гуфт, ки иштирок дар ин чорабинӣ барои ӯ имкониятҳои нав фароҳам овардааст.
«Дар ҷараёни хакатон ман тавонистам дониш ва малакаҳои худро дар амал санҷам, бо мутахассисони соҳа мубодилаи афкор намоям ва бо равишҳои нав шинос шавам. Бовар дорам, ки малакаҳои дар ҷараёни кор рӯйи лоиҳаҳои гуногун бадастовардаам дар фаъолияти касбиам муфид хоҳанд буд.
Ба даст овардани ҷойи аввал маро водор мекунад, ки минбаъд низ бештар рӯйи худ кор кунам. Ин натиҷа шавқи маро ба оғози лоиҳаҳои нав ва такмили иқтидори касбиам боз ҳам бештар кард. Аз ҷумла, имкони таҷрибаомӯзии пулакӣ дар ширкати “SLB” барои аз наздик шинос шудан бо равандҳои амалии соҳа ва ташаккули малакаҳои нав дар муҳити касбӣ қадами муҳим мебошад.
Дар оянда мехоҳам дониши худро дар самти “Data Science” ва зеҳни сунъӣ амиқтар намуда, онҳоро барои ҳалли самараноки масъалаҳои амалии соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ истифода барам», – гуфт З. Минаварова.
Ба соҳибони ҷойҳои якум ва дуюм имкони гузаштани таҷрибаомӯзии пулакӣ дар ширкати “SLB” дода шуд. Онҳо дар раванди ҳалли масъалаҳои амалии соҳа бо истифода аз “Data Science”, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ иштирок хоҳанд кард.
Се нафар ғолиб бо чиптаҳо ба конфронси байналмилалии “GEOMIN 2026” ва ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи ниҳоӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Насиба Зиёдуллаева, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: