Қизилтеппа: маҷмааи паррандапарварӣ бо иқтидори 2,5 миллион сар бунёд мешавад

Дар масоҳати 10 гектари ноҳияи Қизилтеппа маркази паррандапарварӣ таъсис дода мешавад.

Ин иқдом дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилояти Навоӣ дар соли 2026» №58 пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади бунёди марказ дар ҳудуди маҳаллаи Маликобод қитъаи замин ҷудо гардида, ба он кашидани шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ба нақша гирифта шудааст.

— Дар ҳудуди марказ дар 10 лот 10 лоиҳа амалӣ шуда, дар маҷмӯъ имкони парвариши ҳамзамони 2,5 миллион сар паррандаи самти гӯштӣ ва тухмдеҳ пешбинӣ шудааст, — мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Қизилтеппа Ҳамза Фармонoв. — Арзиши умумии ин лоиҳаҳо 103,2 миллиард сӯмро ташкил дода, дар доираи онҳо 210 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Ба истифода додани маҷмааи паррандапарварӣ ҳамчунин фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ва заминаи истеҳсоли хӯроки паррандаро тақозо мекунад. Ин бошад, барои сокинони маҳаллаи Маликобод имкониятҳои нави шуғл фароҳам хоҳад овард.

Темур ЭШБОЕВ,
«Халқ сӯзи».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: