Йога намуди варзиш буда, иҷрояш нисбати навъҳои дигари он осон ва оромтар аст.
Дар йога низоми машқҳои ҷисмонӣ таҳия гардида, дар назорати нафаскашиву вазифаҳои дигари физиологии организм муваффақиятҳои муайян ба даст омадаанд.
Ғояи асосии фалсафаи он ҳамоҳангии байни физиологияи рӯҳии инсон ва коинот астДар Намангон солҳои охир баробари дигар намудҳои варзиш, ба йога низ аҳамияти зиёд дода мешавад. Мутахассиси ягонае, ки дониши худро дар Федератсияи варзиши йогаи ҷумҳурӣ мукаммал кардааст, яъне мураббии соҳибтаҷриба Сайёра Умарова мебошад.
– Мардуми мо оид ба йога ҳанӯз маълумоти комил надоранд, – мегӯяд ӯ. – Ин мавзӯи баҳсталаб, дар ин бора бояд бештар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шаванд. Дар Тошканд Федератсияи йога амал мекунад, дар он даҳҳо мутахассисони хориҷӣ низ фаъолият доранд. Дар корхонаву ташкилот, маҳалла ва муассисаҳои таълимӣ бояд доир ба йога суҳбату вохӯриҳо ташкил карда, аҳамият ва моҳияти он фаҳмонда шаванд. Мо дар вилоят фаъолияти худро дар маҷмӯаи «Паҳлавон», ки дар он варзишгарон, асосан гимнастикачиён машқ мегузаронанд, бо иштироки занону духтарони синну солашон гуногун машғулот мегузаронем.
Йога барои саломатии инсон муфид аст. Гардиши хун ва низоми нафаскаширо беҳтар намуда, мушкили мушакҳоро бартараф мекунад, яъне мушак ва устухонҳоро мустаҳкам карда, стресс ва изтиробро коҳиш медиҳад.
Ҳангоми иҷрои машқҳои йога бояд эҳтиёткор шуд. Зеро тадқиқот нишон медиҳанд, ки машқҳои нодуруст иҷрошудаи йога ба касоне, ки бемории мушак ё устухон доранд, зараровар аст. Аз ин рӯ пеш аз иҷрои ҳамагуна машқҳои ҷисмонӣ бо мутахассиси соҳа маслиҳат кардан мувофиқи мақсад мебошад. Шахсоне, ки синнашон аз 65 болосту бемории осеби зону ё сутунмуҳра доранд, инчунин занони ҳомила бояд пеш аз машқҳои йога бо духтур маслиҳат кунанд.
Субҳ барои иҷрои машқи йога вақти хубест. Зеро субҳ дил ва ақл гӯё аз нав «зинда» шуда, ба кайфияти инсон таъсири нек мебахшанд.
Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки йога хобро беҳтар ва онро дарозтар мекунад.
Йога инчунин нирӯ ва мувозинати баданро зиёд менамояд, тамоми мушакҳоро мустаҳкам мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, усулҳои фаъоли ин машқ барои беҳтару бештар шудани нирӯву қувват муфид мебошанд. Йога инчунин мувозинат ва ҳамоҳангии ҷисмониро таъмин мекунад.
Низоми масуниятро тақвият медиҳад, ҳамчунин аз воситаҳои асосии солим нигоҳ доштани низоми нафаскашӣ аст.
Шоҳида Даминова,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.