Дар Ҷопон китоби «Бартараф кардани монеаҳои синни 80»-и равоншинос Ҳидеки Вада нашр шуд ва ба он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид.
Ин китоб баробари ба фурӯш баромадан беш аз 500 000 нусха фурӯхта шуд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар моҳҳои оянда он ба як миллион нусха чоп мешавад ва бестселлери воқеӣ мегардад.
Доктор Вада 61-сола аст ва мутахассиси пешбари саломатии пиронсолон мебошад. Ӯ таҷрибаи худро дар шакли 44 қоида ҷамъ оварда, кӯшиш кардааст асрори ҳаёти осоишта ва пурмазмуни пас аз 60-солагиро ошкор намояд. Доктор Вада таъкид мекунад, ки давраи пас аз 60-солагӣ охири ҳаёт нест, балки оғози содагӣ ва оромӣ аст. Ин замонест, ки инсон ба ҳаёт аз наздик нигоҳ карда, ростқавл буданро пеша мекунад. Гарчанде ки ин қоидаҳо сода ба назар мерасанд, дорои ҳикмати амиқи ҳаётӣ мебошанд, ки чанде аз онҳоро пешкаш менамоем:
• Ҳар рӯз сайругашт кунед.
• Ба сустшавии бадан роҳ надиҳед.
• Дар кадом ҳолат бошад ҳам, аз нӯшидани об даст накашед.
• Хӯрокро бодиққат бояд хоид, зеро мағзи сар бо даҳон якҷоя кор мекунад.
• Хотира на аз боиси пирӣ, балки аз беҳаракатӣ суст мешавад.
• Танҳоӣ ин бекасӣ нест, баъзан он оромӣ аст.
• Гоҳ-гоҳ истироҳат ва танбалӣ кардан нодуруст нест.
• Ба хонашинӣ одат накунед.
• Хӯроки дӯстдоштаатонро тановул кунед, гарчанд он бар вазнатон вазн зам мекунад.
• Аз ҳад зиёд телевизор тамошо накунед.
• Мева, нури офтоб ва ҳавои тоза манбаи хушбахтӣ мебошанд.
• Аз гуфтани он чизе, ки дар зеҳни шумост, натарсед.
• Қатъ кардани хондан ва омӯхтан оғози пирӣ аст.
• Пирӣ бори гарон нест, балки неъмат аст.
Хулоса:
Одӣ зиндагӣ кунед, ҳар рӯз каме ҳаракат карда бештар хандед. Бадан ва пирии худро бо муҳаббат қабул кунед.
Ба кирдукори ҷавонон ҳайрон нашавед, чунки замоне мо ҳам ҷавон будем.
Аз рафтори пирон ба ҳайрат наафтед, зеро онҳо ҷаҳондидаанд, ҳаётро омӯхтаанд.
Ман ба пиронсолоне, ки субҳи содиқ хеста бо моҳидорӣ, занбӯруғчинӣ, сайёҳӣ машғуланд, ҳавасам меояд.
Ба пироне, ки то ҳол ба худ ғамхорӣ мекунанд: ба ороиши мӯй, пойафзор, либосҳои тозаву зебои худ диққат медиҳанд, пайравӣ кунед.
Ба одамоне, ки шодмонии зиндагиро аз даст надодаанд, худро дар симои фарзандон ва наберагон мебинанд ва ҳатто пас аз душвортарин лаҳзаҳо бо орзу зиндагӣ мекунанд, ҳавас кунед.
Ин ҳама дар бораи мост!
Таҳияи Г. Кабирова.