Дар ёдгории Қӯрғонтеппа сари ҳайкали марбут ба асрҳои аввали миёна ёфт шуд

  • Дар ёдгории Қӯрғонтеппа сари ҳайкали марбут ба асрҳои аввали миёна ёфт шуд
  • Дар ёдгории Қӯрғонтеппа сари ҳайкали марбут ба асрҳои аввали миёна ёфт шуд
  • Дар ёдгории Қӯрғонтеппа сари ҳайкали марбут ба асрҳои аввали миёна ёфт шуд
  • Дар ёдгории Қӯрғонтеппа сари ҳайкали марбут ба асрҳои аввали миёна ёфт шуд

Дар ёдгории Қӯрғонтеппа, воқеъ дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, зимни корҳои бостоншиносӣ сари ҳайкали гаҷии марбут ба асрҳои аввали миёна ёфт шуд.

Ин бозёфти нодирро кормандони Институти бостоншиносии Самарқанд ҳангоми таҳқиқоти бостоншиносӣ дар байни харобаҳои маъбад кашф карданд.
Ба гуфтаи мутахассисон, сохтори чеҳра, ороиши мӯй ва дигар хусусиятҳои иконографии ҳайкал барои омӯзиши вижагиҳои хоси санъати қадимаи Суғд аҳамияти муҳим доранд. Ин бозёфт метавонад дар бораи ороиши динӣ ва бадеии маъбади Қӯрғонтеппа ва санъати он давра маълумоти нав диҳад.
Харобаҳои ҳуҷраҳо ва дигар бозёфтҳои бостоншиносӣ, ки зимни ҳафриёт ошкор шудаанд, имконият медиҳанд сохтори дохилӣ ва вазифаи маъбад, инчунин маросимҳои динии дар ин мавзеъ баргузоршуда мавриди омӯзиш қарор гиранд.
Муовини якуми директори Агентии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элмурод Нажимов таъкид кардааст, ки аз соли 2027 ҳамасола барои дастгирии таҳқиқоти бостоншиносӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои бостоншиносони ҷавон, ба маблағи 25 миллиард сӯм грант ҷудо карда мешавад.
Қайд карда мешавад, ки соли 2024 низ аз харобаҳои ҳамин маъбад дар Қӯрғонтеппа тасвири девории як маъбуди чаҳордаст, инчунин қисмҳои дасту пойи ҳайкали сафолӣ ёфт шуда буданд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки чунин бозёфтҳо тасаввуроти илмиро дар бораи таърих ва фарҳанги қадимаи Ӯзбекистон боз ҳам густариш медиҳанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: