Дар вилояти Ҷиззах истеҳсоли дастгоҳи нав барои кишти ғалла ба роҳ монда мешавад. Ин техника бо назардошти шароити маҳаллӣ таҳия шуда, дар оянда истеҳсоли силсилавии он таҳти бренди «Ҷиззах» ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, имкони истеҳсоли солонаи 300 адад чунин техника фароҳам оварда мешавад. Дастгоҳ дар ду навъ — барои кишт дар майдони кушод ва зери плёнка истеҳсол хоҳад шуд.
Хусусияти асосии техникаи нав дар он аст, ки он ҳамзамон бо майда кардани пояҳои пахта кишти ғалларо низ анҷом медиҳад. Дар ин ҳолат боқимондаҳои майдашудаи растанӣ ба таври яксон дар майдон паҳн карда мешаванд.
Ин усул имкон медиҳад, ки эрозияи хок пешгирӣ шуда, намӣ нигоҳ дошта шавад, зарурати коркарди иловагии замин коҳиш ёбад ва хароҷоти истифодаи техника кам гардад.
Дастгоҳи махсуси кишт тухмиро дар қатори муайян ба таври яксон тақсим карда, дар чуқурии муқарраршуда ҷойгир мекунад. Ин барои якмаром сабзидани тухмиҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Техникаи мазкур дар доираи сафари кории вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ба вилояти Ҷиззах дар ноҳияи Мирзачӯл муаррифӣ шуд. Дар ин муаррифӣ раиси вилояти Ҷиззах Улуғбек Мустафоев низ иштирок кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ оид ба такмили минбаъдаи техника, озмоиши он дар шароити амалӣ ва васеъ намудани ҳаҷми истеҳсол тавсияҳо пешниҳод шуданд.
Ташаббуси истеҳсоли дастгоҳи нав ба рушди муҳандисӣ ва коркардҳои инноватсионии маҳаллӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ равона шудааст.
Интизор меравад, ки татбиқи васеи техникаи нав ба сарфаи захираҳо, ҳифзи ҳосилхезии хок ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат кунад.