Имрӯз, 14 сентябр, аз соати 05:00 то 10:00 аз хизматрасониҳои метрои Тошканд 288 ҳазору 187 нафар мусофир истифода бурданд.
Афзоиши ҷараёни мусофирон ба оғози соли нави таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт барои донишҷӯёни тамоми курсҳо низ вобаста аст.
Дар соатҳои серодами субҳ ҷараёни зиёди мусофирон дар истгоҳҳои метрои «Чинор», «Сергели», «Чоштепа», «Олмазор», «Чилонзор», «Буюк Ипак йўли», «Дӯстлик» ва «Беруний» ба қайд гирифта шуд.
Бо мақсади самаранок идора кардани ҷараёни афзояндаи мусофирон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои шаҳрвандон ҶС «Метрополитени Тошканд» фосилаи ҳаракати қаторҳоро кӯтоҳ кард.
Аз ҷумла, ҳаракати қаторҳо чунин ташкил карда шуд:
— дар самти «Чилонзор» — бо фосилаи 1,5–2 дақиқа;
— дар самти «Ӯзбекистон» — 3 дақиқа;
— дар самти «Юнусобод» — 4 дақиқа;
— дар хатти ҳалқавии рӯизаминӣ — 7–8 дақиқа.
Тавре ҶС «Метрополитени Тошканд» хабар медиҳад, ҷараёни мусофирон мунтазам назорат карда мешавад. Бо мақсади таъмини роҳат ва бехатарии ҳаракат, вобаста ба ҳаҷми мусофирон, ҳаракати қаторҳо дар ҳолати зарурӣ мувофиқ карда мешавад.