Парвоз ба Марс барои инсон метавонад бо хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла таъсири шадиди радиатсия, атмосфераи ниҳоят тунук ва набудани шароити муносиб барои ҳаёт, рӯ ба рӯ шавад.
Ба гуфтаи коршинос В. Смислов, бо дарназардошти сатҳи имрӯзаи технология, парвози экспедитсия ба Марс метавонад ҳашт то нӯҳ моҳ идома ёбад. Дар ин муддат аъзои экипаж ба миқдори зиёди радиатсияи кайҳонӣ дучор хоҳанд шуд. Дар ин бора рӯзномаи «Аргументы и факты» хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳатто пас аз расидан ба «Сайёраи сурх» низ инсон ба муҳофизати ҷиддӣ ниёз хоҳад дошт. Атмосфераи Марс садҳо маротиба аз атмосфераи Замин тунук буда, тақрибан 95 дарсади онро гази карбон ташкил медиҳад. Илова бар ин, Марс майдони магнитии глобалӣ надорад, ки метавонад сайёраро аз радиатсияи кайҳонӣ муҳофизат кунад. Ҳарорати миёна дар сатҳи он тақрибан 60 дараҷа сардии зери сифрро ташкил медиҳад.
Ба эътиқоди коршинос, дар шароити кунунӣ идомаи омӯзиши Марс тавассути дастгоҳҳои автоматӣ мувофиқи мақсад аст. Зеро дар сурати фиристодани инсон ба чунин муҳити душвор, ин сафар метавонад амалан ба «чиптаи яктарафа» табдил ёбад.
Қаблан роҳбари SpaceX Илон Маск гуфта буд, ки пас аз панҷ то ҳафт сол инсон бори аввал ба Марс қадам мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, ин рӯйдод эҳтимолан солҳои 2030–2032, дар фосилаи байни парвозҳои дуюм ва сеюми байни Замин ва Марс, сурат хоҳад гирифт.
Баъдан техномиллиардер пешгӯии худро дар бораи оғози мустамликакунонии густурдаи Марс тағйир дода, ин муҳлатро то 30 сол, яъне то соли 2055, дароз кард.
Маск бар ин назар аст, ки барои оғози азхудкунии густурдаи Марс ҳадди ақал як миллион нафар одам ва чанд миллион тонна бор бояд ба сайёра интиқол дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, барои расонидани ин миқдор одамон ва бор ба Марс тақрибан 20 сол лозим хоҳад шуд.
Дар ин бора rambler.ru хабар додааст.