Дар назди Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудгазтаъминот» ҶММ «LPG-Trade» таъсис дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарори «Дар бораи чораҳои ислоҳоти низоми таъмини аҳолӣ бо гази моеъ ва тадриҷан ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ»-ро (ПҚ-326, 12 сентябри соли 2026) қабул кард.
Тибқи қарор, бо мақсади тахассусӣ гардонидани вазифаҳо дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо гази моеъ, таъмини шаффофияти молиявии фаъолияти мазкур ва тадриҷан ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ, дар назди ҶС «Ҳудудгазтаъминот» ҶММ «LPG-Trade» таъсис дода мешавад.
Ҳамчунин, дар низоми таъмини ҷумҳурӣ бо гази моеъ механизмҳои бозорӣ марҳила ба марҳила ҷорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла:
- афзалиятнокии таъмини аҳолӣ бо гази моеъ таъмин карда мешавад;
- гази моеъе, ки дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсол ва аз хориҷ ворид мешавад (ба истиснои ҳаҷми дар нуқтаҳои фурӯши худи корхонаҳо фурӯхташаванда), танҳо тавассути биржа ба фурӯш бароварда мешавад;
- корхонаҳои таъминкунандаи аҳолӣ бо гази моеъ маҳсулотро аз биржа ва мустақиман аз воридкунандагон харидорӣ мекунанд;
- тавассути ислоҳоти низоми таъмини гази моеъ барои эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ҷалби бахши хусусӣ дар соҳа муҳити рақобат тадриҷан ташаккул дода шуда, амалияи субсидиякунонии байнисоҳавӣ низ марҳила ба марҳила бекор карда мешавад;
- дар ҷараёни татбиқи ислоҳот дар низоми таъмини гази моеъ қишрҳои ниёзманди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби давлат аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карда мешаванд.