Сарвари давлат дар Форуми тиҷоратии Ӯзбекистон – Корея иштирок намуд

  • Сарвари давлат дар Форуми тиҷоратии Ӯзбекистон – Корея иштирок намуд
  • Сарвари давлат дар Форуми тиҷоратии Ӯзбекистон – Корея иштирок намуд
  • Сарвари давлат дар Форуми тиҷоратии Ӯзбекистон – Корея иштирок намуд
  • Сарвари давлат дар Форуми тиҷоратии Ӯзбекистон – Корея иштирок намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Сон Сук дар маросими ифтитоҳи Форуми муштараки тиҷоратии Ӯзбекистону Корея иштирок карданд.

Дар чорабинӣ беш аз 300 намояндаи сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду мамлакат, аз ҷумла роҳбарони ниҳодҳои пешрафтаи молиявӣ, корхонаҳои бузурги саноатӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ иштирок намуданд.

Бахусус, аз ҷониби Корея, намояндагони ширкатҳои бузурге чун “Lotte Chemical”, “Hyundai Motor Group”, “Samsung C&T”, “CJ Group”, “Shinhan Financial Group”, “Hyundai Rotem”, “KIND”, “BOMI”, “Kia Corporation”, “Sampyo Group” ва “Hansae Mobility” ширкат варзиданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Корея дӯсти аз санҷиши вақт гузашта ва шарики махсуси стратегии Ӯзбекистон мебошад ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Корея ба шумор мераванд.

Махсус таъкид гардид, ки ширкатҳои пешрафтаи Корея дар Ӯзбекистон фаъолияти босамар дошта, ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Имрӯз Ӯзбекистон ба марҳилаи нави рушди саноатӣ ва технологӣ қадам мегузорад. Аз ин рӯ, барои афзунсозии ҳаҷми тиҷорати мутақобила, тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва татбиқсозии лоиҳаҳои нави муштарак имкониятҳои васеъ фароҳам меоянд.

Аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардид, ки тавассути баҳам овардани иқтидори захиравии Ӯзбекистон, технологияҳои пешрафтаи Корея ва имкониятҳои сармоягузории ширкатҳои ду кишвар, нуқтаҳои нави рушди иқтисодӣ ба вуҷуд оварда шаванд.

Президенти мо самтҳои асосии рушди минбаъдаи шарикии иқтисодиро муайян намуд.

Бахусус, рушди кооператсияи саноатӣ ва ташаккули занҷираҳои пурраи истеҳсолӣ, энергетика ва иқтисоди «сабз», нақлиёт ва инфрасохтори муосир, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, нимноқилҳо ва микроэлектроника, биотехнология ва дорусозӣ, анҷом додани таҳқиқоти муштараки илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, ҳамкорӣ дар бахши омодасозии кадрҳо ва дигар самтҳо таъкид гардиданд.

Ширкатҳои Корея барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои коркарди мис, истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ, маҳаллисозии истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои саноати автомобилсозӣ ва истеҳсоли автомобилҳои барқӣ, робототехника ва автоматикунонӣ, биотехнология ва дорусозӣ, гидроэнергетика, низомҳои захиракунии неруи барқ, навсозии шабакаҳои энергетикӣ, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ даъват карда шуданд.

Ҳамчун механизми амалии боз ҳам амиқтар намудани ҳамкориҳои саноатӣ ва технологӣ таъсиси Иттиҳоди саноативу технологии Ӯзбекистону Корея пешниҳод гардид.

Президент таъкид намуд, ки омода аст, то барои тиҷорати кореягӣ дар кишварамон шароити мусоидтар фароҳам оварад ва дар татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак кумаки амалӣ расонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: