Дарахтон – таъмингари амнияти муҳити зист

Шинонидану зиёд кардани ниҳолҳои дарахту бутта, нигоҳубину парвариши онҳо ва васеъ намудани ҷангалзорҳо яке аз амалҳои бисёр савоб ба шумор меравад.

 Дарахтон на танҳо атмосфераи моро бо ҳавои тоза таъмин мекунанд, балки дар ҳифзи инсон ва муҳити зист ва пешгирии намудҳои гуногуни офатҳои табиӣ низ нақши муҳим  мебозанд. Зеро дарахтон дорои бисёр хусусият, асрору мӯъҷизаҳое мебошанд, ки ҳанӯз ҳам на ҳамаи онҳо ба мо маълуманд.
Дар ҳақиқат, дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ ғайр аз нигоҳ доштани намии хок, дар ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз тӯфонҳои сахт ва дигар намудҳои офатҳои табиӣ низ нақши асосӣ мебозанд. Ҳамчунин онҳо метавонанд суръати селҳои пуршиддатро суст намуда, ҳаракати тӯфони барханҳои регро то андозае боздоранд.
Бо тақозои кор ба ман борҳо лозим омадааст, ки ҳамроҳи мутахассисони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ равам. Аксар вақт мо ҷойҳоеро аз назар мегузарондем, ки эҳтимоли рух додани селу обхезӣ, ярч ва тарма дар онҳо вуҷуд дошт. Дар чунин сафарҳо ман ба як чиз боварӣ ҳосил кардам: дар минтақаҳое, ки дарахтон зиёд шинонида шудаанд, ярч ва тарма он қадар зуд-зуд ба амал намеоянд. Баръакс, чунин ҳодисаҳо бештар дар ҷойҳои кӯҳии бедарахт ва урён рух медиҳанд. Решаи мустаҳками дарахтон хокро нигоҳ дошта, аз лағжиши он пешгирӣ мекунанд, танаи бақуввати онҳо бошад, ба поён ҳаракат кардани барфро маҳдуд месозад.
Як мисоли одӣ: дар деҳаи Лангари ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё ярчи бузурге ба ҳаҷми 22 миллион метри мукааб ба амал омада буд. Аммо, тавре ки дар боло зикр кардам, дар маҳалли рух додани ярч ягон дарахте набуд, ки хокро нигоҳ дорад. Албатта, дар ин масъала таркиби хок низ аҳамияти калон дорад...
Табиист, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ барф зиёд меборад. Тақрибан даҳ сол пеш, дар моҳи май, дар километри 52-юми роҳи автомобилгарди Самарқанд – Китоб ярчи ҳаҷмаш миёна ба амал омада, роҳи ҳаракати воситаҳои нақлиётро баст ва 15 девора (бордюр)-и муҳофизатии канори роҳро ба поён тела дод. Ин ҳодиса низ дар қисми бедарахти минтақа рух дода буд.
Солҳои хеле пештар дар ҳудуди Мингчинори хоҷагии ҷангали ноҳияи Китоб аз сабаби беэътиноӣ ҳодисаи нохуше рух дода, қариб 200 гектар заминро оташ фаро гирифта буд. Сӯхтори хатарнок қисми зиёди хоҷагии ҷангалро фаро гирифта, то қисми поёнии ағбаи Тахтақорача – Роҳатбулоқ расида буд. На танҳо дарахтон, балки ҳайвоноти гуногуни ин макон низ нобуд гардиданд. Дар хомӯш кардани сӯхтор сокинони деҳаҳои атроф ва хонандагони мактаб, ки дар истироҳатгоҳҳои доманакӯҳ фароғат мекарданд, фаъолона иштирок намуданд. Ҷолиб он аст, ки онҳо ҳангоми хомӯш кардани оташ аз шоху навдаҳои дарахтон истифода бурданд. Яъне ҳатто дар корҳои наҷотдиҳӣ – хомӯш кардани оташ низ шоху навдаҳои дарахтон нақши муҳим бозиданд.
Яке аз хусусиятҳои аҷиби дигари дарахтон ин аст, ки пас аз шинонидану парвариш ва ба камол расидан онҳо тавассути решаҳои худ обро аз қабатҳои замин ҷаббида, ба пешгирии эрозияи хок таъсири мусбат мерасонанд. Яъне ҳар қадар ҷангалзорҳои мо васеъ гардида, дарахтзору буттазорҳо зичтару сершумор шаванд, ҳамон қадар атмосфераи мо тозатар гардида, шумораи офатҳои гуногуни табиӣ низ тадриҷан кам мешаванд.
Пас, васеъ кардани майдони дарахтзорҳое, ки ба муҳити атроф ҳусну зебоӣ мебахшанд, инчунин ҳифзу нигоҳубини ин сарвати сабз, ки тамоми сол ба инсоният беминнат фоида мерасонад, ҳам қарз ва ҳам вазифаи мост. Агар дар шаҳру деҳот, гузару маҳаллаҳо ҳатто як порча замини холӣ бошад, аз он  самаранок истифода бурда, дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонем, нигоҳубин кунем ва зиёд намоем, на танҳо биосфера ва муҳити атроф, балки амнияти худамонро низ таъмин хоҳем кард.
 
Азамат Суюнов,
рӯзноманигор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: