14 сентябр аз хизматрасониҳои метрои Тошканд 1 миллиону 165 ҳазору 550 нафар мусофир истифода карданд. Ин нишондиҳандаи рекордии нави интиқоли мусофирон дар метрои пойтахт ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки ба муносибати оғози соли нави таҳсил талабот ба нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус хизматрасониҳои метро, дар пойтахт ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
То ин вақт баландтарин нишондиҳандаи ҳамлу нақли ҳаррӯза дар метрои Тошканд 8 майи соли 2026 ба қайд гирифта шуда буд. Он рӯз аз хизматрасониҳои метро 1 миллиону 117 ҳазору 61 нафар мусофир истифода кардаанд.
Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи рӯзи 14 сентябр нисбат ба рекорди қаблӣ 48 ҳазору 489 нафар зиёд аст.
Тибқи мушоҳида ва таҳлилҳои мутахассисон, тамоюли афзоиши мусофирон дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Аз ҷумла, пешгӯӣ мешавад, ки моҳи октябр шумораи мусофирони ҳаррӯзаи метро ба 1,2 миллион нафар мерасад.
Дар ин замина, ҶСК «Метрополитени Тошканд» ният дорад мусофири 1 миллиону 200-ҳазорумро муайян карда, ба ӯ имтиёз ё туҳфаи махсус тақдим намояд.
Дар шароити афзоиши ҷараёни мусофирон корҳои навсозии марҳилавии воситаҳои ҳаракаткунанда дар метро низ идома доранд.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, ҳамаи 14 таркиби ҳаракаткунандаи муосир, ки қарор буд дар соли 2026 харидорӣ ва ба метрои Тошканд оварда шаванд, аллакай ба парки вагонҳои метро интиқол дода шудаанд.
Тибқи иттилои ҶСК «Метрополитени Тошканд», ҷараёни мусофирон мунтазам зери назорат қарор дорад. Ҳаракати қаторҳо вобаста ба вазъи воқеии ҷараёни мусофирон ба таври фаврӣ танзим карда мешавад. Ин тадбирҳо ба фароҳам овардани шароити мусоид, таъмини хизматрасонии босифат ба мусофирон ва бехатарии ҳаракат равона шудаанд.