Дӯстии халқҳо, равобити адабӣ ва фарҳангӣ, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ – аз муҳимтарин пояҳои таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ба шумор мераванд. Дар шароити кунунӣ, ки таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақа аҳамияти беш аз пеш пайдо мекунад, Ӯзбекистон ин арзишҳоро дар меҳвари сиёсати хориҷии худ қарор дода, барои рушди робитаҳои созанда бо мамлакатҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо давлатҳои Осиёи Марказӣ иқдомоти шоистаро амалӣ менамояд.

Маҳз бар пояи чунин сиёсати дурандешона муносибатҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои минтақа ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардидаанд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари бародару ҳамсоя мавқеи хос дорад. Муносибатҳои ду кишвар бар пояи дӯстии абадӣ ва шарикии стратегӣ устувор гардида, имрӯз самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва робитаҳои байниминтақавиро фаро мегиранд.

Таҳкими чунин муносибатҳо на танҳо дар санадҳои байнидавлатӣ, балки дар робитаҳои самимии мардум, эҳтироми муштараки мероси таърихиву фарҳангӣ ва густариши муколамаи аҳли илму адаб, фарҳанг ва санъат низ таҷассум меёбад. Дар ин замина, иштироки намояндагони соҳаҳои гуногун дар чорабиниҳои муҳими ду кишвар ба анъанаи нек табдил ёфта, ба таҳкими минбаъдаи фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамояд.

Дар партави чунин ҳамкориҳо, чанде пеш ҳайати калони намояндагони илму фарҳанг, адаб ва санъати Ӯзбекистон бо даъвати як қатор ташкилоту муассисаҳои Тоҷикистон барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дӯст сафар намуданд.

Паради ҳарбӣ бо фарогирии беш аз 27 ҳазор нафар

7 сентябр. Субҳ таровати дигар дошт. Ҳар як гӯшаи шаҳри Душанбе гӯё либоси идона ба бар карда буд. Дар майдони “Истиқлол” парчамҳо дар насими саҳар ба рақс меомаданд. Роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳамсоякишвар, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки барои ширкат дар паради ҳарбӣ ҷамъ омада буданд, ҳама рӯҳияи идона доштанд. Майдон намои ба худ хос касб кардаву кормандони мақомоти гуногун дар тан либосҳои махсус саф ороста буданд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамагонро ба ифтихори Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфт.

Сипас, гузашти низомӣ оғоз ёфт.

Афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари дӯст, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, занону бонувони низомӣ, собиқадорони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо фарогирии беш аз 27 ҳазор нафар аз майдон гузаштанд.

Тамошои чунин фазо ҳамагонро мутаассир кард: ашки шодӣ дар чашм, эҳсоси ифтихор дар дил, дастони боз бар дуо...

– Гузашти низомӣ бо парчам ифодагари таърихи пуршараф, имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, – иброз дошт корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аҳмадулло Асрорзода. – Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар қалби ҳар як шаҳрванд эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқат ба Ватанро бедор менамояд.

Конуни тамаддуни ориёӣ бунёд мегардад

Дар нимаи дуюми рӯз дар Кохи Ваҳдати Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш, ки таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ” доир шуд, баробари олимону муҳаққиқони тоҷикистонӣ, зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ҳайати бузурги намояндагон – аҳли илму адабу фарҳанги Ӯзбекистон ширкат намуданд.

Президенти кишвари дӯст Эмомалӣ Раҳмон иштирокдоронро ба муносибати Истиқлоли давлатӣ табрик карда, меҳмонон: донишмандон, олимон, аҳли ҳунар, аъзои фаъоли Анҷумани “Пайванд”-ро ба Тоҷикистон  хайрамақдам гуфт.

Президент изҳор дошт, ки Анҷумани байналмилалии Пайванд падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки тайи ин солҳо ба майдони паҳновари ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфт.

Таъкид гардид, ки аъзои Шуро ва Кумитаи иҷроияи Анҷумани Пайванд дар омодасозӣ ва баргузории ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла 1150-солагии падари адабиёти классикии тоҷику форс Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 680-солагии орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1400-солагии Борбади Марвазӣ, ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 960-солагии ҳаким Умари Хайём саҳми арзишманд гузоштанд. 

Дар ҳамоиш раисҷумҳури ҳамсоякишвар иқдоми дар шаҳри Душанбе бунёд кардани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро пешбарӣ намуд.

Ҷамъомади тантанавӣ дар кохи бошукӯҳи фарҳангу ҳунар

8 сентябр. Рӯзи сеюми сафар дар бинои наву муҳташами Театри миллии шаҳри Душанбе ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба болоравии нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 қатънома қабул ва ҳоло мавриди татбиқ қарор доранд.  

Дар идома барномаи бошукуҳи консертӣ баргузор гардид.

Ҳунармандони маҳбубу маъруф, хушадою хушсадо аз ашъори шоирони шинохтаи халқӣ Рустам Ваҳҳобзода, Давлат Сафар, Камол Насрулло, Эраҷ Мирзо, Муҳтарам Ҳотам, Низом Қосим, Бузургмеҳри Баҳодур, Варқаи Охонниёз, Беҳрӯзи Забеҳулло бо оҳангҳои Фарҳод Зикир, Ҳақназар Аловатов, Аҳмад Сайдиков, Давлатманд Қутбиддинӣ, Абдулло Назрӣ, Фарух Ҳасанзода, Файзалӣ Умар, Муҳаммадрафӣ Кароматулло ва Зикриолло Ҳакимов сурудҳои дилнишинро дар васфи Ватан, Истиқлол, Дӯстӣ иҷро намуданд.

Дар барнома, ҳамчунин, номераҳои консертӣ аз операи ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз Жорж Бизе “Кармен” дар иҷрои ҳунармандони шинохта иҷро гардид.

Ҳаракати мавзуну дилкаши раққосаҳои хушхироми ансамблҳои рақсии “Лола”, “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Парасту” ва “ Чаман” ба барномаи идона шукуҳи дигар зам кард.

Баргузории маҳфили шеър