Ҳангоми бемории обхӯра (истисқо)
Қисми рӯйизаминии ҳулбӯро майда карда, дар об меҷӯшонанд ва баъд бо дока соф мекунанд. Ба он каме шарбати райҳон ва ба миқдори баробар шакар илова карда, то ғафс шудан меҷӯшонанд. Ин доруро ҳангоми дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, бемории обхӯра истеъмол менамоянд.
Барои тоза кардани меъда
Хуб медонем, ки дар даруни қубурҳо об чӣ қадар бештар ҳаракат кунад, даруни обрав ҳамон қадар тангтар мешавад. Чунки дар об ҳам ҳар гуна намак, таҳшин ва боқимондаҳо ҳастанд. Ҳамин тавр, рагҳо, узвҳои ҳазми ғизо ва рӯдаҳои мо низ нотоза мегарданд. Дар натиҷа, баъзан худ надониста, ба бемориҳои гуногун гирифтор мешавем.
Меъдаро, ки дар ҳазми ғизо узви муҳим мебошад, чӣ гуна тоза кардан мумкин аст?
Барои ин, ҳар рӯз 3-4 грамм пудинаи саҳроӣ (ҳулбӯ)-ро кӯфта, бо об ё чой бинӯшанд, меъдаро аз партовҳои гуногун тоза мекунад.
Барои сер нигоҳ доштани меъда
Хӯрдани 10-15 дона зардолу метавонад меъдаро сер нигоҳ дорад. Он аз ҳар гуна шоколад беҳтар аст.
Ҳангоми шамолхӯрии пардаи меъда (илтиҳоби меъда)
Ҳангоми шамолхӯрии пардаи меъда нӯшидани нӯшобаи ширинбеда (қашқарбеда) тавсия мешавад. Барои ин ба 600 грамм оби хунук 10 грамм қашқарбеда, 10 грамм ҳулбӯ ва ҳамин миқдор лимӯ илова карда, оҳиста меҷӯшонанд. Онро дар як рӯз 3 маҳал, 100 граммӣ пеш аз хӯрок, дар давоми 10 рӯз менӯшанд.
Ҳангоми садо баровардан (қур-қур кардан)-и меъда
Равғани гули сурх (қизилгул) ва молидани он (масҳ намудан) садои қур-қури меъдаро бартараф мекунад.
Ҳангоми варами меъда
Пояи ангури ёбоӣ (ангури сагак)-ро кӯфта, аз берун ба рӯйи меъда банданд, варами меъдаро мегардонад.
Барои шустани меъда
Барои шустани меъда ба 1 литр об 1 қошуқ сода кифоя аст.
Барои нобудсозии кирмҳои меъда
Агар 60-120 грамм хурфа (портулак, семизӯт)-ро майда карда, бо шир омехта нӯшед, кирмҳои меъдаро нест мекунад.
Ҳангоми дарди асабҳои нисфи сар (мигрен)
Сирпиёзро майда карда, ба чаккаҳои сари худ бандед.
Ҳангоми хуруҷи мигрен
Ҳангоми хуруҷи дарди асабҳои нисфи сар нӯшидани ҷӯшобаи пудина ва молидани равғани ҳулбӯ ба чаккаҳо тавсия мешавад.
Барои тайёр кардани ҷӯшоба 30 грамм барги ҳулбӯро ба 400 мл оби ҷӯш андохта, ним соат нигоҳ медоранд. Дар ҳолати гарм 1 истикон менӯшанд.
Ҳангоми сустии мизоҷ
Одамоне, ки мизоҷи суст доранд, дар ҳар се рӯз 1,75 грамм тухми кокутӣ (кийикӯти)-ро кӯфта, бо 10,5 грамм тухми харбуза, 35 грамм равғани гӯсфанд ва 70 грамм асал омехта истеъмол кунанд, нуқсонҳои ҷинсӣ бартараф мешаванд.
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.