Дар дунё дарахтони мевадиҳанда бисёр, вале дар як сол ду маротиба ҳосилдиҳанда ангуштшумор. Яке аз онҳо меваи биҳиштӣ – анҷир аст, ки ду маротиба ҳосил медиҳад. Якум– хокӣ, дуюм – токӣ.
Ҳоло бозорҳои Самарқанд, дасторхони мардум, рӯйи мизи маъракаҳо аз анҷири тиллоранги токӣ пур.
Воқеъан, анҷирро дар шакли тар, хушк ва мураббо истеъмол мекунанд, ки хуштамъу серғизост. Дар тиббиёти халқ реша, шираи тана, барг ва меваашро пурсамар истифода мебаранд.
Гарчанде ватани анҷир Миср мебошад, дар Самарқанд парвариши анҷир бо Темуриён вобаста аст. Бо фармон дар атрофи Самарқанд 14 боғи меванок бунёд шудаанд, ки яке аз онҳо Боғи баланд буда, хосатан ба парвариши дарахти анҷир ихтисосонида шуда, ҳоло ба минтақаи сайёҳию истироҳатии мардум табдил ёфтааст.
Ҳоло дар ҳудуди Боғи майдон беш аз 40 гектар анҷирзор мавҷуд. Маҳз дар ҳамин минтақа хоҷагиҳои фермерӣ бунёд гардида, ба яке аз онҳо боғбони соҳибтаҷриба Шарофиддинбобо Аслиев роҳбарӣ мекунад.
Чанде пеш як гурӯҳ эҷодкорон – шоирон, нависандагон, вакилони расонаҳои ахбор ба боғи мазкур ташриф фармуданд.
МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ, КАСБИ ПАДАР ОМӮЗ!
Вақте ки саргарми суҳбат ба ҳудуди боғи Шарофиддинбобо ворид шудем, ҳавои тоза, бӯйи гулҳои муаттар, нағмасароии паррандагони хушхон, шилдирроси оби шаффофу зулоли ҷӯйчаҳо, дарахтони серҳосили анҷир диққати моро ба худ кашид. Зери дарахтони сояафкан чанд мизу курсиҳои нарму бароҳат гузоштаанд, ки меҳмонон нағзакак ҷой гирифта, чанд лаҳза моту маҳбут ба атроф нигаристанд.
– Ана ин кас Шарофиддинбобои 80-сола на танҳо пири кор, балки ҳамгузари соҳибэҳтироми маҳаллаи Боғи Баланд ҳастанд, – соҳибхонаро муаррифӣ намуд аъзои гурӯҳи эҷодкорон Баҳодур Раҳмонов, – бо дасти мубораки ҳамгузари ман ана ҳамин боғи дилкушо бунёд шудааст.
Дере нагузашта дар атрофи як пиёла чой суҳбати дилнишину гуворои ҳозирон қаймоқ баст.
– Аз тетапоя шудан то имрӯз умри ман дар ҳамин боғи бобоӣ, шояд авлод гузашт, – лаб ба сухан кушод Шарофиддинбобо, – маҳз дар ҳамин ҷо фаҳмидам, ки яке аз ҳафт хазина боғбонӣ – деҳконӣ аст. Охир ранҷ бикашӣ,то ба ганҷ бирасӣ.
Дар Боғи Майдон шоири хушбаён Абулқосим Лоҳутӣ омада, аз меваҳои дарахтони мо баҳравар гардида, байте дорад:
Бе заҳмату кор нон намебояд хӯрд,
Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд.
Бачагии эҷодкорон Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқ ва дигарон дар маҳаллаҳои Боғи Баланд, Боғи Майдон гузаштааст, ки мо ифтихор мекунем.
Ҳамдеҳагони ман, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Талъат Абдуллоеви қариб 90-сола китоби аҷоибу хонданибоби
"Анҷири Самарқанд"-ро навиштанд, ки дар бораи пайдо шудани анҷир ва маҳаллаҳои гирду атроф хеле маълумот ҳаст.
– Шарофиддинбобо, саргузашт ва зиндагиномаи шумо чӣ хел, – барои тафсидани суҳбат савол додем мо, – шояд нақл кунед ва ана ин эҷодкорон чизе нависанд.
– Як олам ташаккур барои эътибор, – арзи сипос намуд ӯ, – аммо тирамоҳ фасли ғунучин, меҳмонқабулкунӣ, гуселкунӣ, ана баъд, дарахгӯркунӣ, аз сармо, барфу ях эҳтиёт кардан. Фасли зимистон гапи дигар.
Ба назарам, дар бораи раҳматӣ Тошпӯлод Қудратов навиштан лозим аст, ки ӯ дар бунёд ва нигаҳдории анҷирзор хидмати шоиста кардааст.
Ёд дорам, ки вақте ӯ сардори бригадаи анҷирпарварон буд, бо сарварии собиқ котиби якуми ҳизби ноҳияи Самарқанд Раҳматуллоҳ Абдуллоев роҳбари Ӯзбекистон Шароф Рашидов ва дигарон ба боғи мо омада буданд.
Президент Шавкат Мирзиёев, ки солҳои 2000 ҳокими вилояти Самарқанд буданд, чанд маротиба ба Боғи Баланд ташриф оварда, барои ривоҷу равнақи анҷирзор маслиҳатҳои муфид, кӯмаку дастгирии моддӣ ва маънавӣ дода буданд.
Аммо сад дареғ, ки баъзе роҳбарони кӯтоҳандеш, қисми зиёди боғи дилкушо, серғизо, аз ҳама муҳимаш, бобоии моёнро бо ҳар роҳу восита нобуд кардаанд.
Хушбахтона, бо талоши чанд нафар равшанфикрон боғҳои анҷирзор вуҷуд дошта, аз меваҳояш ҳатто меҳмонон аз Англия, Швейтсария, қитъаи Амрико, Русия ва ғайра баҳраманд мешаванд.
Дилафрӯз Облоқулова,
Зоҳир Ҳасанзода,
вилояти Самарқанд.